Анвари Андаробӣ

Хуш дарахтест, хурад об зи ҷӯйи Яздон,

Шаҷари Оли Муҳаммад нашавад ҳеҷ хазон,

Самари он шаҷар аз нури ҳидоят алвон,

Ҳаст аз партави он сабз биҳишту ризвон,

Аҳли Байт атҳару мисбоҳи ҳудо, некбаён.

Ҷашни алмосии масъуди Имомат табрик!

Шодиву хуррамии хоси ҷамоъат табрик!

Он Имомест, к-аз авлоди Муҳаммад бошад,

Ҷигаре нур зи акбод* — и Муҳаммад бошад, ,

Гавҳари ганҷи Худододи Муҳаммад бошад,

Подшоҳест, ки бо доди Муҳаммад бошад,

Итрату Оли Расул аст Улуламри замон.

Ҷашни алмосии масъуди Имомат табрик!

Шодиву хуррамии хоси ҷамоъат табрик!

Он Имомест, ки аз халқ адолат хоҳад,

Шодмонии башар хоҳаду ваҳдат хоҳад,

Ҳурмати зиндагиву поси амонат хоҳад,

Пайкари ҳусни камол асту муҳаббат хоҳад,

Ашк аз дидаи ушшоқи Имом аст равон.

Ҷашни алмосии масъуди Имомат табрик!

Шодиву хуррамии хоси ҷамоъат табрик!

Он Имомест, ки ҳусн аст ҳама ошиқи Ӯ,

Ҷуз худи Ӯ набувад ҳеҷ касе лоиқи Ӯ,

Барқ суръатталаб аз муъҷизаи бориқи Ӯ,

Зиндагӣ амрбару обиди, содиқи Ӯ,

Гавҳари асл биёбӣ бубарӣ гар фармон.

Ҷашни алмосии масъуди Имомат табрик!

Шодиву хуррамии хоси ҷамоъат табрик!


З-ошкоро буданаш онки бигӯяд Ёсин,

Кулли шай аҳсайнаҳу фи Имомест мубин,

Явма надъу кулла носи би Имом аст яқин,

Ӯст бурдаст ба мерос ба худ ҳикмату дин,

Дорад Ӯ з-Оли Або силсилаву мӯҳру нишон.

Ҷашни алмосии масъуди Имомат табрик!

Шодиву хуррамии хоси ҷамоъат табрик!


Хуш омадӣ

Ай ҳастиву равони мухиббон хуш омадӣ,

В-ай дар вуҷуди ҷумла ҷаҳон ҷон, хуш омадӣ.

Ашё тамом нури туро андарун бувад,

Ай ошкор Имоми муридон, хуш омадӣ.

Ай ҷонишину итрати Пайғамбари Худо,

Ай Шаҳ Карим, соҳиби даврон, хуш омадӣ.

Ай масҳафи мубораки гӯёи Кирдигор,

Дар рӯи туст партави Яздон, хуш омадӣ.

Кӯ қудрату тавон, ки зи ту гуфтугӯ кунам?

Ай бартар аз гумони заъифон, хуш омадӣ.

Сероб ҷумлаанд, шаҳо, аз кароматат,

Сарчашмаи футувату эҳсон хуш омадӣ.

Помир аз қудуми шумо файзёб шуд,

Ай рӯҳбахши лаъли Бадахшон, хуш омадӣ.

Поянда бод ҷавҳари ихлоси муъминон,

Ай посдори махзани имон, хуш омадӣ.

Парвонавор рӯҳи ману шамъи ишқи ту,

Дар дори ваҳдатанд намоён, хуш омадӣ.

Анвар ғариб аз ватану ёр дар ватан.

Дар мавсуми баҳори гулафшон хуш омадӣ.


 Ҳар гаҳе он шаҳсавор ояд ҳаме,

Раъяти ашкам қатор ояд ҳаме.

Моҳу анҷум дар рикобаш гум шавад,

Матлаъи нур ошкор ояд ҳаме.

Пур шавад миръоти дил аз рӯи ӯ,

Ҷилваи олитабор ояд ҳаме.

Ишқ созад ҷӯр сози манманӣ,

Бо мақоми нуру нор ояд ҳаме.

Ҷон баму зери «аналҳақ » мезанад,

Сар ба истиқболи дор ояд ҳаме.

Куфр гирад пешаи девонагӣ,

Дар ҳарими эътибор ояд ҳаме.

Кас чи донад сӯзу сози ошиқон? !

Ақлро з-ин нукта бор ояд ҳаме.

Анваро гардан ба қурбонӣ бинеҳ,

Муртазо бо Зулфиқор ояд ҳаме.


 Бар ашрафиву тохирии ахли бехин байт,

Хам кавли илохист, хам иршоди Мухаммад.

Хурсанд бидоред дили Оли Набиро,

Шодии ду кавн аст дили шоди Мухаммад.

Анвар нигахи хеш барафруз, ки хуршед,

Равшан бувад аз партави милоди Мухаммад.