Атохуҷа Шафтолиев

Сар пеши ту ман агар ба сачда монам,

Сар мисли хасу хоки рахат гавхар аст,

Дар вакти сучуд пеши ту гар чон бидихам,

Ин мурдани ман зи зиндаги бехтар аст.

Ту бо караму ман ба бахили машхур,

Богам пури хору боги ту пурсамар аст.

Ин чисми ман аз палиди олуда шудаст,

Чисми ту зи атру аз зару зевар аст.

Ночиз ба мисли сангаму бенурам,

Ин нури ту аз шамсу камар анвар аст.

Зеро ки хама аз ту мунаввар шудаанд,

Хар кас, ки чудо зи ту шудаст бебасар аст.

Эй волиди мехрубон ба ман кун назаре,

Ин бандаи  бесаводи ту куру кар аст.

Хуча зи тамоми ноумеди дур аст,

Зеро ки Имом хамеша болои сар аст.


Бародар гар ту мебоши мусулмон,

Намоз хону бикун ёде зи Яздон.

Итоат ба Худованд ин намоз аст,

Ки Мавло аз каромат бениёз аст.

Шаётин бенамозу бетамиз аст,

На бо феъли бади худ вай азиз аст.

Агар ту аз намоз дури бичуи,

Зи бахти худ хамеша даст бишуи.

Намоз инсонро дорад баруманд,

Кунад рухи ту бо асли ту пайванд.

Агар аз хар бало хохи рахои,

Намозатро ба хар маскан кушои.

Хар он кас дар итоат сар нихода,

Ба руи у дари чаннат кушода.

Барои бенамоз дар баста бошад,

Зи дахшатхои дузах хаста бошад.

Худоё, нест моро токату тоб,

Ба лутфу некиат моро Ту дарёб.

Худоё, бас халиму мехрубони,

Маро аз даргахи лутфат нарони.

Ту хам Хуча, намозатро адо кун,

Фаромини Имоматро вафо кун.


Эй бехирадон, бешарафон ин чи нидо аст

як рохи хато аст,

Гуед чаро парчаматон ранги сиёх аст

монанди бало аст.

Ин ранги сиёх хосияти нек надорад

пирузи наорад,

Калбхои шумо мисли хамин ранг намо аст

бадтар зи вабо аст.

Ман рост бигуям шумо дузахиёнед

бе амри Худоед,

Шайтони лаъин рахбаратон дар хама чо аст

ин хости шумо аст.

Хунрези набуд бас бирехтед чу зи яксар

ай котили модар!

Габрони лаъин бахри шумо лаъни Худо аст

рахмаш чудо аст.

Амсоли хамон гурги даранда бидаридед

гуё, ки надидед,

Донед, ки чаханнам абадан чои шумо аст

он чои адо аст.

Хуне, ки бирехтед чисон рафту кучо рафт

бо нолаву ох рафт,

Бар души шумо мондаву то вакти казо аст

хохони чазо аст.

Аз бахри чунин чохили Ислом нашавад бад

аз дил нашавад рад,

Нафрин, ки намудам ба шумо чумла раво аст

                 ин гуна дуо аст.