Аёз Фаррухзод

Офтоби мулки дин Мавлои ман,

Нури поке дар замин Мавлои ман.

Ҳодии роҳи сиротулмустақим,

Он Имом-ул-муттақин  Мавлои ман.

Нур борад аз вуҷуди ақдасаш,

Нури Рабб-ул-оламин Мавлои ман.

Шоҳбози ломакону,аршу қудс,

Сарвари хулди барин Мавлои ман.

Гар Муҳаммад, буда Хатм-ул анбиё,

Аст бар хотам нигин Мавлои ман.

Дастгири ҷумлаи дармондагон,

Мустафоро ҷонишин Мавлои ман.

Махзани ганҷинаи илми Наби,

Нафси Хайр-ул мурсалин Мавлои ман.

Дину, дунё, суду арзиш, ҷисму,руҳ,

Корсози ону ин Мавлои ман.

Аз муҳабат, иттиҳоду, якдили,

Доимо гӯяд чунин Мавлои ман

Даст дорад аз яди байзо ба худ,

Маъҷизи дар остин Мавлои ман.

«Лофатто ило Али ло Зулфиқор»

Соҳиби шамшери дин Мавлои ман

Ҷашни «Алмоси» муборак ё Имом»

Соҳиби тахти зарин  Мавлои ман

Ин Аёз аст хушачини хирманаш,

Бар Худо бошад қарин Мавлои ман.


Ё Али ояи зи Қуръони,

Ё Али шоҳсавори имони

Аз шинохти ту ё Валиуллоҳ,

Оҷиз аст ақлҳои инсони

Ҳар гадое, ки ру ба ту овард,

Дар ҳарими ту гашт султони

Дил зи ишқи ту мешавад гулшан,

Сина аз меҳри туст нурони

Ё Али ҷойнишини Пайғамбар,

Ё Али ШоҳКарими даврони

Ё Али манбаи зи хайру сахо,

Ё Али восилам ба Яздони

Ё Али аз шароби ҳикмати худ,

Дар қадаҳ рез ба мо ба арзони

То шавем масти бодаи ишқат,

Фориғ аз нафсҳои шайтони

Ё Али бар Вилояти ту диҳем,

Мо шаҳодат ба суи Яздони

Руҳи поке,ки бар Наби омад,

Бар нагашт у ба суи осмони

Монда андар Имоми Мустақар,

Ҷовидона ба амри Яздони

Пайравони ту ё Валиуллоҳ,

Нафси саркаш баранд ба қурбони

Ё Али аз карам намо бар мо,

Лутфу эҳсони хеш арзони

З-ОН, ки бе меҳри ту чи суд бувад,

Бар замин хам кунем пешони

Аз раги гардани ба мо наздик,

Ё, ки наздиктар зи ин ҷони

Ё Али дар вуҷуди поки ту,

Нури ҳақ нури поки Рабони

Ё Али шоҳбози олами қудс,

Ё Али нотиқи Қуръони

Ин Аёз аст ғуломи даргаҳи ту,

Як фидои зи мулки Ғорони


Меҳри покат дар дилам чун моҳи тобон аст бас,

Нури покат раҳнамои мо муридон аст  бас.

Ҳар паёмат баҳри мо аз ҳарфи Қуръон аст бас,

Шоми навмедии моро субҳи тобон аст бас.

        Ҷашни Алмоси муборак ё Имомулмутақин!

         Ҷашни Алмоси муборак офтоби мулки дин!

Дасти ман дар доманат ай раҳнамову пешво,

Ҳар паёмат нушдоруе бувад аз баҳри мо.

Омада дар васфи покат » иннамову» «алъато»

Дастгири ҳар ду олам шофии рузи ҷазо.

    Ҷашни Алмоси  муборак ё Имомулмуъминин!

      Ҷашни Алмоси муборак раҳнамои мулки дин!

То маро ҷон дар тан аст гуям санои поки ту,

Ақл оҷиз омада аз фаҳмиши идроки ту.

Ояи » Татҳир» гувоҳи медиҳад,ки поки ту,

Ҳар замон бо ҳар либос пайдо дар ин амлоки ту.

      Ҷашни Алмоси муборак ё Имомулмуъминин!

       Ҷашни Алмоси муборак офтоби мулки дин!

Ҷашни Алмосии ту бар худ бисозем мо ҳадаф,

Вақти худ беҳуда ҳар су менамоем мо талаф.

То бигирем домани шоҳи Вилоятро ба каф,

Раҳмати борони Мавло мерасад аз ҳар тараф.

      Ҷашни Алмоси муборак ё Имомулмуъминин!

      Ҷашни Алмоси муборак офтоби мулки дин!

Саҷдаи шукрона созам ман ба номат ШОҲКАРИМ,

Бар бузургиву ба он аслу мақомот ШОҲКАРИМ

Ҷони худро менамоям ман нисорат   ШОҲКАРИМ,

Зинда бошад ин ҷамоат аз нигоҳат ШОҲКАРИМ

         Ҷашни Алмоси муборак ё Имомулмутақин!

          Ҷашни Алмоси муборак офтоби мулки дин!


Он сирри «лофатост» Имоми Замони мо,

Маънои «иннамост» Имоми Замони мо

Моро чи ҳоҷат аст изҳори дил кунем,

Ҷоми ҷаҳоннамост Имоми Замони мо.

Нафси Набиву, зодаи авлоди Ҳайдари,

Ҷон дар вуҷуди мост Имоми Замони мо.

Мо пайравони Оли Набиро чи ғам зи ҳашр,

Он ҷо ба мо гувост Имоми Замони мо.

Чашми дилат кушову вуҷудаш дар у бубин,

Дар қалби пок ҷост Имоми Замони мо

Он офтоби олами дин,киштии наҷот,

Хуршеди дар самост Имоми Замони мо.

Аз офату,зи ранҷу ,зи тӯфону аз бало,

Пушту паноҳи мост Имоми Замони мо.

Шоҳи вилоят асту  нигини Имомат аст,

Он Ҳуҷҷати Худост Имоми Замони мо.

Аёз зи дарди дил шикоят накун дигар,

Бар дарди дил давост Имоми Замони мо


Ҷамоат аст,ки моро ҳамекунад сарҷамъ,

Ҷамоат аст,ки бо мо ҳамешавад ҳамдам

Ҷамоат аст ки дар у нигоҳи Мавло аст

Ҷамоат аст ,ки аз мо бурун барорад ғам

Ҷамоат аст,ки моро барад ба роҳи рост

Ҷамоат аст ,ки моро раҳонад аз мотам


Ин чи ҷову мақом мебинам,

Дил дар ишқаш ғулом мебинам

Ба ҷамоат биё ҷамоатро,

Назари аз Имом мебинам

Ба ҷамоат биё ҷамоатро,

Ҷои савму сиём мебинам

Шоҳу,миру,гадо дар ин даргоҳ,

Ҷумларо як маром мебинам

Ошиқони Имоми Олиро,

Ман дар ин ҷо мудом мебинам

Аз бузургиву баркати Мавло,

Шаҳди маъни ба ком мебинам

Ҳар касе дур монд аз ин даргоҳ,

Фикру афкораш хом мебинам

Ишқу,меҳру,муҳабат аст шиор,

Нафси саркаш лаҷом мебинам

Ҳар касе бо Ҷамоат аст варо,

Бо Худову Имом мебинам


Ғубори фитна аз дилҳо бурун кун,

Таҷассусро зи қалбат сарнагун кун.

Бувад дил хонаи поки Худованд,

Бизан ҷоруб ғубораш, Шоҳгун кун.