Лаълҷуба Мирзоҳасан

Ба муносибати Ҷашни Заррин

Дили мо ҳамдилон ин лаҳзаҳо бедор хоҳад буд,

Садои пой меояд зи суйи Ёр хоҳад буд.

 Имомат бар сари як тахти заррин човидонӣ шуд,

Раҳи Мазҳаб ба лутфи Шоҳи он ҳамвор хоҳад буд.

Бикун дасти дуо суйи Худо аз баъди 50-сол,

Имомат буду ҳасту бошаду такрор хоҳад буд.

Муридонро зи шавки чашни Заррин дил фараҳафзо,

Ба ҳукми Ҳак кудуми Шоҳ ба ин куҳсор хоҳад буд.

Даруни сина меҳру ишки Мавлоро нигаҳбон бош,

Туро Мавло ба рузи неку бад ғамхор хоҳад буд.

Ба иршоди Алӣ ояд ба мулки мо Имоми вақт,

Ба дил фурқон ба лаб иршод пуранвор хоҳад буд.

Сари худро бикун назри қадамҳояш ба як дидан,

Чи бошад қиммате гар бар сарӣ ҳар дор хоҳад буд.

Кунам эъдои икдомаш,чи дорам дар бисоти хеш,

Ба чуз чону дилам,ҳангоми ин ашъор хоҳад буд.