Мақсуд Ғаёсов

Хар шаб зи висоли ёр мастам!

Бар хар дари хар нигор мастам!

Ин нахй ба сони мо чи маъруф,

Дар машхади ин диёр мастам!

Хар кас ба касеву бо касе маст,

Бе бусаву бе канор мастам!

Чун мафхари ошикони Табрез,

Бе бодаву бе хумор мастам!

Чун фасл яке барои масти,

Ман фасламу ман бахор мастам!

Чун булбули ин вучуди хешам,

Бе нагмаи чангу тор мастам!

Аз мехри набиву итрати у,

Бо савлату бо викор мастам!

Ё Раб, чи карам, ки аз зухураш,

Дар чилва чу Зулфикор мастам!

Мастам зи яке чилои нураш,

Дар сад чу ману хазор мастам!

Дар партави риштаи Имомат,

Ман банда чу сарбадор мастам!

Нозанд ба Аливу ман бинозам,

Аз Чаъфару хам Низор мастам!

Ишк ноладу ман бинолам аз ишк,

Мафтуни Карим чу нор мастам!

Исои замон Кайюми мутлак,

Хай зинда, ки чоннисор мастам!

Бар тахти Имоми давру даврон,

Аз дидани Кирдигор мастам!

Сир нест дигар ба чуз ки сир нест,

Дар ишрати пардадор мастам!

Аз Хамсафар ин нидо зи масти,

Эй узрпазир, гузор, мастам!

(16.03.2018)


Моро камоли илм, камолоти мо бас аст!

Маъчиз, рахоиш аз хама хочоти мо бас аст!

Хар кас Худои хеш талаб аз Худо накард,

Нури тачаллиаш зи хурофоти мо бас аст!

Ай нуктасанчи чумлаи тавхиди солехон,

Рукне ба дини Хак ки мусофоти мо бас аст!

Моро на изни он ки диранги мухол кунем,

Ин хуша аз дарахти санооти мо бас аст!

Куфре зи хешу лаън, ки аз халк бахри мост,

Рохи начот аз он зи муночоти мо бас аст!

Ин орифон, ки минбари хак чой гузин кунанд,

Бар чахлашон сукут, газовоти мо бас аст!

Моро ба шаб умеду инон руз дар талаб,

Аз Хак ризк хамин ки мулокоти мо бас аст!

Хам бе далел маснади мо бар чунун баранд,

Хам норизо аз ин ки мукофоти мо бас аст.

Эй ходию башири дилам, Хамсафар барат,

Моро чунун зи Нури самовоти мо бас аст

                                                         (13.04.2018)


Суде надорад оқибат аз ҳар чи ман ҳазар кунам,

То кай намозу рузаро дар ин ҷиҳод сипар кунам.

То кай ба ҷаннат орзу в-аз тарси дузах то ба кай,

Қабои зарҳалини ақл, хирқаи ишқ ба бар кунам.

Ин поси хокиён дигар, моро зи нур асар бас аст,

Ҷон аз ҷаҳони тан раҳо в-он нур аз он бадар кунам.

Марг, эй нисори толибон, марҳам кун ин дари маро,

Бишкан тилисми зиндагӣ, то хешу тан абтар кунам.

Маҷнун худ аз ҳичрон шудам, сад куфрро бурҳон шудам,

То кай аз ин бегонагӣ ман хоки хеш бар сар кунам.

Эй молик-ул-мулки малак, бадри самовоти мунир,

Бо соҷидон аз умр фар, ё ҳамчунон ахтар кунам.

Ман чунаму чунам мане, к-аз чуну бечунам бурун,

Чун бе худам, эй худштнос, ҳар дам адам азҳар кунам

Меҳроби имоми мубин, меъроҷи пайғамбар яқин,

Ё Раб, фалакро сақф шикан, то ман ҳаҷи акбар кунам

(22.06.2018)


Будагонро марг агар нобуд кард,

Ошиконро оташи ишк дуд кард.

Хар ки у аз ишк намирад, мард нест,

Сухтан дар оташи худ дард нест.

Мард агар набвад ба мурдан хакшинос,

Кай расад дар кухи он мардони хос.

Чумла махлук лукмаи марганду бас,

Аз адам ёкуту дар он хору хас.

Ай ба илми маърифат пай бурда рох,

Суи мискинони маъни кун нигох.

Мо мисоли гунчаи наврастаем,

Хар балову хар казоро дастаем.

Душмани хешему кас моро на дуст,

Хастии мо чумлаги хастии туст.

Хар чи андар дида он нури хак аст,

Моварои сина он сури хак аст.

Рузу шаб то руз агар зори кунем,

Мо талаб танхо вафодори кунем.

Хирс моро чуз висолат беш нест,

З-ин дигар дарде басо дилреш нест.

Он чи мо аз хачри ту омухтем,

Хок бошад гар ба зар нафрухтем.

Ганч моро як назар аз ту бас аст,

Инкадар ганчур дар олам кас аст.

Ай наккоши кисмати рангини мо,

Хоби хуш, бедории ширини мо.

Ай ки моро аслу хасти додаи,

Маъбаду маъбуди моро чодаи.

Васф туро хомушии мо бас бувад,

Инкадар чуръат магар бо кас бувад.

Маъсият моро шумор андар шумор,

Чурми моро кас намеояд ба кор.

Мо умед аз рахматат дорем басе,

Чун ту гавхар сохаи аз хар хасе.

Ту басо рахмон хастиву рахим,

Гарчи мо дорем гунохои азим.

Дар панохат маскани худ сохтем,

Чону дил дар орзуят бохтем.

Кас на моро дар рахат ёри кунад,

Худхуде ку то ки гамхори кунад.

Гох ба чохе мо чу Юсуф андарун,

Гах зи оташ чун Халил оем бурун.

Гох чу Исо чонфидоихо кунем,

Гах ба хар навъе дигар гавго кунем.

Дар киёсат киссахо оростем,

Матлаб аз хар кисса худ бархостем.

Ошикони давр аз мо нестанд,

Ошики симинбарон бархестанд.

Танг моро омадаст инчо нафас,

То ба кай нолем чун андар кафас.

То кадомин рох мастури кунем,

Гох пинхон гох аён дури кунем.

Хар ки бо мо майли дилдори кунад,

Нагзарад як дам, ки безори кунад.

Мо ки бо дилдодагон дил додаем,

Маст не мастии хар дилдодаем.

Чун зи асрори чахон огох шудем,

Худ магар асрори ин даргох шудем.

Нест моро хуччати гуфтан дигар,

Не зи хайроти чахону не зи шар.

Умки фахми мо ба кас ифшо нашуд,

То магар ин гуфтахо иншо нашуд.

Нест бо кас чуз ту моро дусти,

Мо панох аз он чуем к-усти.

Хамсафар дар орзуи васли ёр,

Хочати моро Худовандо барор.

Ай ходимони дин, караме аз сахо кунед!

Бар нотиқони нутқи Худо иттико кунед!

Ай соҳибони амри Худованди рузагор,

Бо ихтиёри хеш абадан алвидо кунед!

Ай ҳомиёни халқ, зи хаёлоту ваҳми хеш,

Нақше ба хотироти худ аз Карбало кунед!

Ай сокинони олами ирфон, ба иззате

Аз Боби шаҳри илми Муҳаммад дифо кунед!

Ай ошиқони сурати бе аслу бе асос,

То кай ба ришвате талаби ҷои мо кунед?

Моро давои дарди фироқ аз шаҳодат аст,

Аз Каъба руй бар ҳарами Ло-фато кунед!

Ҷонам фидои дуст, аё хешу ақрабо

Бошад ки мисли у талаби муждаҳо кунед!?

Ай Ҳамсафар, расон ба каримон паёми мо,

Инак гузар ба водии фақру фано кунед!


Кас агар шомили ин дард нашуд,

Рухсиёву сурху хам зард нашуд,

Ба хако хосил аз у гард нашуд,

Ба хазор мартаба у мард нашуд!

Хар киро дидаи дил боз нашуд,

Бо Али бисмилаш огоз нашуд,

Каъбаи сина зи гам соз нашуд,

Бо Имом хамдилу хамроз нашуд!

Дар сафар кас ки бо у хеш нашуд,

Зери теги карамаш реш нашуд,

Тоби сад ранчу пасон пеш нашуд,

Аз умедгашта бо у кеш нашуд!

Чилваи чон агар аз Нур нашуд,

Дидаи сар зи рухаш кур нашуд,

Ба камол чуз ки яке хур нашуд,

Бо хаку хак зи худаш дур нашуд!


Бари ошиқон сароед ба наю рубоб ҳудоро,

Ки ба оби дида пардохт, шаҳи ташнагон Худоро.

Баъди он ки тавқи лаънат шуд зимоми пири ушшоқ,

Ба Имоми давр мансуб, нашавад қиём шуморо.

Ман агар ба изни додор сухане зиёда гуям,

Қиссае басанда ин нест, қасасе чу анбиёро.

Ба Худо ки ин ду гетӣ дар ҳисоби ганҷу гавҳар,

Хоки пои мустақиманд ба далели ҳақ суворро.

Талабе дигар надоранд, ошиқон, ба ҷуз ки тавҳид,

Ғоибона кай сазад кас баракоти ин дуоро.

Эй ки дар масири таълим ба ҷамоли ёр расидӣ,

Бипазир зи мо ҷунунӣ ба камоли хеш гуворо.

Агар Ҳамсафар ба лутфе, ки Худо кироми у кард,

Ҳарфи дил айон нагуяд, нарасад мадад гадоро.


Сояи бахти наку мегузарад аз ватанам,

Аз гули боги дили комати сарвин суманам.

Солахо шуд паси сар, меваи армон напазид,

То кунун дар хаваси дам задан андар чаманам.

Лек хам ман нигарон чун дигарон дар таку тоз,

Хам хамон, к-ин чилави бахти накуяш суханам.

Он ки аз доди Худо дасти халоик нагирифт,

Чуз дар орзуи лахад ман накушоям даханам.

Хомиён дар хаваси давлату бе амри Имом,

Бех аз ин куфр маро давлат агар он кафанам.

Халк овораи афкори ана-ал-хак задагон.

Ман аз он тоифа бар гардани эшон расанам.

Ходимон чуз ки ба тавфик касе хайр накард,

Шохиди равнаки солусии ин анчуманам.

Пас аз ин сугу малолат, ки дар шиъатамон

Пойбарчост, чи сон дод ба додхох назанам.

Зохидон, заъфи шумо бим зи нокомиятон,

Чун дигар тори умед бар дари бегона танам.

Хар ки бар чехраи гулгуни шумо даст назад,

Чуз бад-он маъни, ки ман хори гули ин баданам.

Эй ки дар партави он нур чиловар шудаи,

Ин хам аз чилваи зулмоти хами пираханам.

Матлаб аз лафзи равон арбадачуи набувад,

Хотифи дарди масехинафасони заманам.

Хар ки орзуи рисолат ба таблиг кунад,

Торами дил, камингохи башири даманам.

Хин маро бас бувад бахт Али хамсафари,

Маслаки адл кунун бар дари Яздон фиканам.