Муносиби Муҳаммадато

Ҳама дар фикри моли Қорун шуд,

Хайр аз ин замона берун шуд.

На дигаргун шуд замину само,

Ей вой одамӣ дигаргун шуд.

Тавқи заррини ҷон ба ҷисми заиф,

Зада гардон ба чархи гардун шуд.

Нури воло ба кас на арзад ҳеҷ,

Нури воло ба зери по дун шуд.

Ҳамаро сар алиф ба суи само,

Ей вой ин замон ҳама нун шуд.

Беадаб бар адаб ҳукумат сохт,

Хираду илми дин маъҷун шуд.

Беадолат ҳама бар сари тахт,

Ақли воло ба тор макнун шуд.

Карда макру иял ба илми Худо,

Ҳама дар ин замона афсун шуд.

Ҳама дар ёди ҳақ буданд чунон,

Ҳама бе ёди ҳақ эдун шуд.

Бехирад зад шикас ақлу хирад,

Ва кунун бар хирад чу охун(д) шуд.

Ҳама дар ёди ҳақ шигифт буданд,

Эй вой ин замон чӣ маҳзун шуд.

Ҳама хушҳол зери толеву бахт,

Ин замон бахти талху ворун шуд.

Ҳама бар ҳамдигар хайр бигуфт,

Ин замон кас ба кас малъун шуд.

Дустон ёди ҳақ зидил мабаред,

Чунки андар шифо чу қорун шуд.

Сари таъзим баред суи намоз,

Чунки раҳмат дар он афзун шуд.

Дар замир кам шудааст ёди Худо,

Ҳама дар ёди молу хотун шуд.

На Зулайхову Юсуф ояду кас,

На дигар Лайливу, на Маҷнун шуд.

Аз фалак бар ҳама Муносиб гуй,

Вой охирзамон акнун шуд.

( 20.02. 2016)


Эй лабат шаҳди биҳишт, э моҳи тобонам биë,

Дар диëри ишқи ту, устоди риндонам биë.

Ман намедонистам, аз охир ҷудосарсониҳо,

Ҳоли дам бе ишқи покат, зор гирëнам биë.

Пар кушо парвонаам, дар гирди шамъи дидаҳо,

Бо нигоҳи зарби дил, мастона сӯзонам биë.

Пардадил пеши ҷамию, пардарӯ пеши ҳама,

Эй аëн дар синаву, аз дида пинҳонам биë.

Кош рӯзе аз сари кӯҳи муродам бигзарӣ,

Дар раҳи пайроҳаат, худ ҷон барафшонам биë.

Эй Муносиб! Дур рафтӣ, ëд кун аз Туси хеш,

Бар диëри шоҳи шоҳон, Шоҳи Бурҳонам биë.

(27.10.2016, Роғун)


Сари болои шоҳӣ бар ту зебад,

Садои дил пагоҳӣ бар ту зебад.

Ниқоби руи ту зулфи Худованд,

Навои мо Илоҳӣ бар ту зебад.

Ба зери “Зулфиқор”-ат мо паноҳем,

Чу хона сарпаноҳӣ бар ту зебад.

Иҷобат гайр, аз суӣ дарат нест,

Дуо бар ҳар никоҳӣ бар ту зебад.

Ҳама неканду некиро пазиранд,

Вале ҳар некхоҳӣ бар ту зебад.

Ту баҳри беканору мо чу моҳӣ,

Зи ҳар як огоҳӣ бар ту зебад.

Касе бар кас нигоҳи дил насозад,

Ба ҳар кас хушнигоҳӣ бар ту зебад.

Муносиб, ту на шоир на суханвар,

Вале ин хушсароҳӣ бар ту зебад.

(28. 02. 2016)


Фахри ман бо туст, аз рузи азал,

Ин ҳама рози ту орам дар амал.

Ин ҳама гуфтори ман эй ëри ҷон,

Кай бибинам, гӯиë бошад аҷал.

Мушти хокам, на, на тиллову на зар,

Пас куҷо дорам ба ин дунë халал.

Аз Худоям баҳри ту хоҳам мудом,

То кунад ғамҳот бар шодӣ бадал.

Оҳ наход боре Муносиб мисрае,

Бар забон новарда бошад чун асал.

(05.09.2016,  Душанбе)


Эй асли ҳарфам дар ғазал, пешам биë, пешам биë,

Эй лолагун гул бехалал, пешам биë, пешам биë.

Танҳову вовайло манам, бе рӯи ту шайдо манам,

Дорам хуморат дар бағал, пешам биë, пешам биë.

Боре ту ҷонон мешавӣ, зон пас ту ҳайрон мешавӣ,

Ҳар лаҳза ҳар чунӣ бадал, пешам биë, пешам биë.

Тоҳир манам Зӯҳро биë, Юсуф назар шоҳу гадо,

Мисли Зулайхо бемасал, пешам биë, пешам биë.

Аз диданат ком бенамак, ҳайрон зи дидорат малак,

Эй маззаат ҳамчун асал, пешам биë, пешам биë.

Рӯзам ба шаб шояд расад, умрам, Худо рӯзе барад,

Гӯям туро пеш аз аҷал, пешам биë, пешам биë.

Тусӣ Муносиб пардасоз, бори дигар ҷонҳо гудоз,

Эй нағмапардоз аз азал, пешам биë, пешам биë.

(25.10.2016, Роғун)