Мушкалишоҳ Дилбаршоҳзода

Ин Тахти Баланди Зарнигорат,

Мавлои Замон Муборакат бод!

Ин Рузи бафайзу ҳам Имомат,

Мавлои Замон Муборакат бод!

Ин маснади бахту, Шох,и ик,бол,

Мавлои Замон Муборакат бод!

Ту шоду ҷамоати Ту хушҳол,

Мавлои Замон Муборакат бод!

Дунё ба умеди Ту саросар,

Мавлои Замон Муборакат бод!

Ин Рузи Саиду, Тахти аз Зар,

Мавлои Замон Муборакат бод!

Пурнур зи хайри Ту Бадахшон,

Мавлои Замон Муборакат бод!

Ҷамъ гашта ҷамоати парешон,

Мавлои Замон Муборакат бод!


Аз он рӯзе, ки Олам офаридаст.

Зи Нураш Нур дар дунё падид аст.

Мунаввар Каҳкашон аз Нури Ӯ шуд,

Ҳамон Нуре, ки бар Аҳмад расидаст.

Муборак Тахти меросӣ, Муборак!

Муборак Ҷашни Алмосӣ, Муборак!

Ғадири Хум, карданд минбари хос.

Зи болояш Расул гуфтанд  ба эҳсос:

«Ҳар он касро, ки Мавлояш ман ҳастам,

Али Мавлои худ донад чу асос».

Муборак Тахти меросӣ, Муборак!

Муборак Ҷашни Алмосӣ, Муборак!

Имомон ҷумлаги ойанд пасо пеш.

Яке аз дигаре хизмат кунанд беш.

Агар нашносем мо Он Имомро,

Куҷо ёбем дар дунё раҳи хеш.

Муборак Тахти меросӣ, Муборак!

Муборак Ҷашни Алмосӣ, Муборак!

Чи хушбахтем, ки моро Соҳиби Вақт.

Дар ҳар давру замон болои ин Тахт.

Ҳидоят мекунад бо ҳар Фаромин,

Ки то ёбем дар дунё ҳама Бахт.

Муборак Тахти меросӣ, Муборак!

Муборак Ҷашни Алмосӣ, Муборак!

Нигоҳе кун, а Мушк бо дидаи хос.

Бигард аз ин ҷаҳони пур зи ифлос.

Ки то ёби муроди хеш аз умр,

Ба Мавло кун назар бо меҳру ихлос.

Муборак Тахти меросӣ, Муборак!

Муборак Ҷашни Алмосӣ, Муборак!

(11-07-2018 Сол, Маскав)


Ҳар кас, ки умеду ру ба Ҳайдар дорад.

Ҳар кас, ки намозу зикр дар сар дорад.

Бешак, ба муроду мақсадаш зуд расад,

Дар ҳарду ҷаҳон ду кон  аз зар дорад.