Наими Карим

Дар ин дунё маро раҳбар Имом аст,

Дар ин дунё маро довар Имом аст.

Дар ин дунё маро сарвар Имом аст,

Дар ин дунё маро Ҳайдар Имом аст.

Агар мавлои Рум Табрезӣ гӯяд,

Вале Табрезиро бар сар Имом аст.

Бидон ай дил Расули акрами мо,

Ки худ гуфто Алӣ дигар Имом аст.

Зару зевар маҷӯ ай соҳиби ҷон,

Ки рӯҳатро зару зевар Имом аст.

Агар чанде туӣ танҳо ба гетӣ,

Магӯ танҳо манам, бар сар Имом аст.

Наям танҳо дар ин олам, на бебол,

Ба рӯҳам он ки бахшад пар, Имом аст.

Кунам парвоз ҳазор афлоки дунё,

Маро ҳам бахту бахтовар Имом аст.

Шаҳаншоҳи замину шоҳи мардон,

Маро дар фикрку сар азбар Имом аст.

Аё шоҳи замину зоти Ҳайдар,

Маро болою ҳам акбар Имом аст.

Нашояд ҷуз ту волотар ба гетӣ,

Ки гетиро дилу дилбар Имом аст.

Ҳазорон лофи минбар мезананду,

Вале зеби ҳама минбар Имом аст.

Бикун қонуни умратро фаромин,

Ба ғамхори ҷаҳон бингар Имом аст.

Дар ин олам ба ҷуз ӯ нест нуре,

Зи ҳар нуре чу волотар Имом аст.

Зи ёрони Худо донам якеро,

Ки ӯро дар ҷаҳон ёвар Имом аст.

Нагӯям ман дигар ҷуз зоти покаш,

Ки аз авлоди Пайғамбар Имом аст.


                                                         ДИЛ БА ФАРМОНИ ТУ БОД

Ман ба фармони дилам, ин дил ба фармони ту бод,

Мубталои маҳфилам, мафил ба фармони ту бод.

Андарон маҷлис, ки мадҳу васфи ту пайваста аст,

Майли ман бар ону он мойил ба фармони ту бод.

Манзилонро тарк хоҳам карду боре кун чунон,

Сокини он манзилам, манзил ба фармони ту бод.

Нашмарам ҳар олиму ҳар оқилеро ёри худ.

Ёр бар он оқилам, оқил ба фармони ту бод.

Кишту корам дар замин аз баҳри он, Ё Пири ман,

Ҳарчи коридам фақат ҳосил ба фармони ту бод.

Сафзанон дар пеши ҷонам ҷисмҳо аз хоку гил,

Ҷисму ҷони он гилам, то гил ба фармони ту бод.

Подшоҳон гар саросар одилу фозил шаванд,

Банда бар он одилам, одил ба фармони ту бод.

Фозилон фозилтару фозилтарин гарданд агар,

                        Толиби он фозилам, фозил ба фармони ту бод.


«Шохносир»

Ёди Шохносир кунем,имшаб дар ин махфил хама,

Мехри Уро боз аз нав чо кунем дар дил хама.

Аз шароби шавки У лабрез созем чомро,

Масту шайдо,гар шудем,моро шумар окил хама.

Майли Шохносир мудом бар Нури Мавлоно Алист,

Мардуми Боми Чахон бар майли У моил хама.

Носири Хусрав бувад монанди бахри беканор,

Дур зи дарёи хакикат андар он сохил хама.

Гарчи лаьле буду дар Юмгон маконаш гор буд,

Аз кудуми макдамаш шуд мусафо манзил хама.

Пири мо буду гуломи он Шахи дуневу дин,

Он,ки аз асрори У пиру чавон гофил хама.

Васфи Шохносир нагунчад дар газал харгиз ,Наим,

Васф кардан кори Уро дар газал мушкил хама.

Шаби зулмат сахар дорад, машав навмед аз афардо,

Нишоне чун к,амар дорад,

машав навмед аз фардо.

Сах,ар буду сах,ар ояд, сах,ар бори дигар ояд,

Агар имшаб к,амар н-ояд, машав навмед аз фардо.

Шаби зулмат агар сард аст, агар пургусаю дард аст,

Сах,ар азми сафар кардаст, машав навмед аз фардо.

Агар ашкат равон бошад, забон андар фигон бошад,

Гам андар дил них,он бошад, машав навмед аз фардо.

Як,ин дониста боши гар, туро рах,бар бувад Х,айдар,

Ч,ах,он бо чашми дил бингар, машав навмед аз фардо.

Агар навмед аз мои, в-агар аз кори дунёи,

Агар думболи маънои, машав навмед аз фардо.

Марав думболи х,ар нокас, марав думболи хору хас,

Туро риск,и увайдо бас, машав навмед аз фардо.

Шаби торик дар ин манзил, умеду орзу дар дил,

Нахох,и гар шави гофил, машав навмед аз фардо.

Дар ин дунё факири гар, ба х,ар доме асири гар

Таамулро пазири гар, машав навмед аз фардо.

                                                   (2016)