Парвона Фаррухзод

Раҳбари омуннос Имоми Замон

Суи ҳақ раҳшинос Имоми Замон

Ба ту то аз вуҷуди ман асар аст

Менамоям сипос Имоми Замон

Нури Эзид бувад вуҷуди ту

Ба худои мумос Имоми Замон

Ҷонишини Набӣ асоси уст,

Ҷонишини асос Имоми Замон

Ту ҳамон сарвари мубини м анӣ

Фарқ танҳо либос Имоми Замон

Душ аз оби маърифат хурдам

Акси ту буд ба тос Имоми Замон

Чун туи пуштибони мо, манро

Аз касе нест бос Имоми Замон

Сурату акси Эзиди субҳон

Дар рухат инъикос Имоми Замон

Гир домони дуст Парвона

Гар ғаввоси мағос Имоми Замон


Дар ин олам туи раҳбар, аё Мавло аё Мавло

Ба ҷуз ту нест кас сарвар, аё Мавло аё Мавло

Ту он маҳи шаби торӣ, барои бедилон ёрӣ,

Шафоатхоҳи беморӣ, аё Мавло, аё Мавло

Адолатпешаи олам, саховатманд чун Ҳотам,

Ба муштоқон туи ҳамдам, аё Мавло, аё Мавло

Ба ҳар бечораи ту ёр, ба ҳар ғамхурдаи ғамхор,

Зи сар то по туи анвор, аё Мавло, аё Мавло

Туи нури худовандӣ, ба раббуларш пайвандӣ,

Фузун з-ин мадҳ даҳ чандӣ, аё Мавло, аё Мавло

Хирад аз кори ту ҳайрон, накуҳимат дар ин даврон,

Ҳаққо ту ҳуҷҷати яздон, аё Мавло, аё Мавло

Ҳадиси лав халат хонам, зи руи у туро донам,

Фидои номи ту ҷонам, аё мавло, аё Мавло

Ва манн мота бувад дигар, ҳадису қавли пайғамбар,

Ту шоҳи ҷумла баҳру бар, аё Мавло, аё Мавло

Ва кул надъ аст дар Қуръон, ки яъне ҳар гуруҳро дон,

Бихонанд бо Имоми он, аё Мавло, аё Мавло

Нагардад мунқатеъ наслат, аҷаб волонасаб аслат,

Рассад то эзидӣ васлат, аё Мавло, аё Мавло

Ба ту Парвонашоҳ таслим, маконаш мулки Ишкошим,

Ту кофу рову Еву мим, аё Мавло, аё Мавло


Қалам танҳо коре, ки метавонад бикунад, иқрор  ва эътироф ба аҷз аст  дар масири шинохти фазоили Аҳли байт (алайҳим ассалом), чӣ рассад ба шиносондан ва тақрир ва тасвир кардани онҳо. Ба ҳар ҳол, тақдим ба хоки пои модари мазлумият ФОТИМАТУЗЗУҲРО саломуллоҳ алайҳо.

Шафеъам аҳли байти Мустафо будаст донистам

Васила то Худо Оли Ибо будаст донистам

Дар асри нав, ки буҳрониву буронист ҳар мактаб.

Фақат аҳли Набӣ шамсуззуҳо будаст донистам

Ба дарди ишқ, дарди хоси аҳли сузишу созиш

Дари Оли Ибо дорушшуфо будаст донистам

Сари занҷир бар занҷир пайванд аст дар итрат

Сари занҷир бар дасти Худо будаст донистам

Маваддат, қулкафову иннамову ҳал ато ҳар як

Ба шони аҳли байти Мустафо будаст донистам

Гувоҳи исмати эшон нузули ояи татҳир

Каломи ҳазрати раббулало будаст донистам

Нуҷуму бобби ҳитта, киштии Нуҳ, урватулусқо

Масал бар зурияи хайруннисо будаст донистам

Ҳадисуи итрату Қуръон ба мадҳи аҳли байт, айзан

Ғадиру манзалат бо лофато будаст донистам

«Ба истидлолу исботи рисолат, баъди пайғамбар»

Фақат дар зурияаш нурулҳудо будаст донистам

Касе дар мактаби итрат сабақ гирад алиф то ё

Сараш дар сояи боли ҳумо будаст донистам

Агар хоҳӣ Худо, шав дил гадои хонадони ваҳӣ

Шиносошон шиносои Худо будаст донистам

Тамассук ҷу ба аҳли байт, к-аҳли байти пайғамбар

Васила баҳри иҷоби дуъо будаст донистам


Аллоҳумма паноҳ бидеҳ дар ҳимояташ

Зеро супурд Расул ба итрат вилояташ

Ҳар кас, ки дудмони Набиро муҳиб, бидеҳ

Ё рабб ба лутфи хеш ту тавфиқи тоаташ

Бар уматаш чу раҳбари дин интихоб кард,

Нозам ба он Расулу ба лутфу шафоаташ

Андар имоми Вақт ниҳон аст, куллу шайъ

Дарёфтам аз каломи Худову ишораташ

Шери Худост дар раҳи Ислом боби у

Дар хуни у зи бобби вай омад шуҷоаташ

Андар китоб, сабили масал шуд каломи ҳақ

Таъвили уст дар ҳаққи у оя- ояташ

Нури худост хандазанон дар ҷабини у

Дасти худост дасти хуши пурсаховаташ

Пайваста аст дар пай беҳбудии башар

Ҳар лаҳза фикри уст барои ҷамоаташ

Парвона остони дари шаҳри илмро

 Тай кун, расӣ зи фаӣз ба нури саодаташ


Аз хутбае, ки кард Набӣ бар сари Ғадир

Бигзидаам зи баъди Набӣ маар туро сафир

Аслат зи пушти шери Худо батни он бутул

Хуни турост мабдаъи зот Шаббару Шабир

Андар сахо турост шабоҳат ба боби худ

Дигар куҷост мисли ту яктои беназир

Аз диданат ба акси ту шуд хона чашми манн

В-аз  акси туст мардумаки чашми ман басир

Аст чун шубон ба суи алаф раҳбари рама

Моро туи ба суи Худо раҳбари кабир

Моро чӣ бок, бо ту равем чун ба қавли ҳақ

Дар рузи ҳашр бо ту суи Мункару Накир

Аз навъи ҷонварон бувад инсон сари сарир

В-аз навъи инс ҷои ту аст бар сари сарир

Ҳар асли поӣдор шавад мунқатеъ, вале

Ҷуз асли ту, ки пояи асл аст  беназир

Ҳаргиз касе ба зоти ту дигар шарик нест

Не ҳуҷҷату мааллиму не доиву на пир

Мазмуни ту ниҳон шудааст андаруни шакл

Монанди он, ки равған пинҳон даруни шир

Эзид хамир кард ба дасти худу сиришт

В-аз он хамир тиннати поки туро фатир

Нури худост дар рухи ту чун шафақ аён

З-он нур суи эзиди мо аст проҳ мунир

Мадҳат фузун зи ғояту дарки шуури мо

Пас эй амир, фақир кунад мадҳоро қасир


Суханон аз маҳфиле, ки чанде аз исмоилӣ рузи ба маснади имомат нишастани Мавлоро бо машрубот гузаронидан хоста, аз манн илтимоси сухан зимни қадаҳбардорӣ намуданд.

Эй ҷамоат аз дари Мавлои Вақт

Бар Шумо хоҳиш кунам тансолимӣ

Солимӣ асли ҳаёти хуш бувад,

Солимӣ маҷрои фатҳи доимӣ

                Эй ҷамоат, лек медонам дареғ,

                К-ин дуъои ман нагардад мустаҷоб

З-он ки Мавло амр кард, эй мустаҷиб

Солимӣ хоҳӣ бишав дур аз шароб

Боз андар ҷашни тавлидаш мудом

Ё ки рузи нуру байат бо Имом

Хотироти мо малул аст гирди хон

Гар набошад бодаву соқиву ҷом

                Шоҳиди ҳолам дар ин ҷашни бузург

                Даст бурда бар қадаҳ бар доштед

То хилофи амри Мавло гап занам,

Аз Сухан навбат ба манн бигзоштед

Гап нахоҳам зад хилофи амри у

Ролзиям ҷар манн намоед буғзу кин

Эй ҷамоат пеши чашмони Шумо

Ин қадаҳро мезанам ман бар замин

                Найҳ фармудаст Мавлои Замон

Ҳеҷ гоҳ бар хотири маҳфил магу

Фикр кун, аз хештан бинмо савол,

Хотири маҳфил бузург ё амри у

Фахр месозем мо Исмоилӣ,

Номи Мавлоро гирифта бар забон

Боз медорем шароби талхро

Дусттар аз амри Мавлои Замон

                Оҳ, охир дар ҳадиси Мустафост

Хамр мифтоҳи тамоми зишту шар

Ё варо ум-ул-хабоис Хонда аст,

Дар ҳадиси дигаре Хайр-ул- башар

Ҳарки машруботро олуда аст,

Оҳ, аз у Малои мо нороҳат аст.

Солимиро душман аст болои ин

Бар талаф бинмудани пул офат аст.

                Гар шавем собитқадам дар ин амал,

                То кунем пур аз шароб паймонамон

                Мерасонем зарбаи маҳкамтарин,

                Бар ҷамоатмону аҳли хонамон.

Мо на андар фикри беҳбудии худ,

Мекунем баракс ҳоли худ батар

Лек мақсуди Имом, ёбем мо

То ҳаёти солиму тулонитар

                Фикр кун, исроф созӣ пули нақд

                Мардумон гуянд у бехона аст

Гар бибахши пулу гирӣ дарди сар

Мардумон гуянд у бехона аст

Будани як ҷисми солим дар ҷаҳон

Беҳтарин сади маразҳо будааст

Дар фаромини Имоми рузгор

Пас нуҳуфта хуш ғаразҳо будааст

                Ҳаст беҳбудии фарзандонамон

Сад фи сад вобастаи мо дар ҷаҳон

Гар надонем роҳи беҳбудии худ

Кай кунем беҳбуди баҳри дигарон

Эй бародар дил бибардор аз шароб

Мекунад охир туро дар пирӣ боб

Ин ҳама амрози пайдо омада

Ҷамъи маълулест аз аҳди шубоб

                Оҳ, чӣ гумроҳист эй ақвоми Шарқ

                К-ин замон аз халқ ояд ин садо

                « Гарҷ удоем аз шаробу аз сигор

                Аз нигоҳи иҷтимои мо қафо»

Ин калом аст мутлақан пуч, эй азиз

Ханда меояд маро аз ин нукот

Гар зи машрубот нануши он замон

Ту баракс пешравтаринӣ дар ҳаёт

                Гап нахоҳам зад хилофи амри у

                Розиям бар иан намоед буғзу кин

                Эй ҷамоат, пеши чашмони Шумо

                Ин қадаҳро мениҳам ман бар замин

Чун дар ин маҳфил сухан омад маро

Узр мехоҳам агар доред даранг

Охирин гап ин, ки рузи рузи байат  аст

Боз монед чиниҳои худ зи чанг

                             1998


Рузи мавлуди ҳамон сарвари мардон имруз

Ид доранд ҳамаи пиру ҷавонон имруз

Ваҳ чӣ хуш чеҳраи ин аҳли ҷамоат бинигар,

Хотири беғаму ғусса лаби хандон имруз

Табл занг, чанг навоз, шеър бихон, шодӣ кун

Беҳтарин иди муридони Бадахшон имруз

Ғайри фармон мадиҳед гуш ба ҳарфи дигарон

Эй ҷамоат, бидиҳед гуш ба фармон имруз

Пеш аз ин роҳи муридон чу шаби ялдо буд

Ҳаст дар роҳи ҳама машъали рахшон имруз

Ба ҷамоат бифиристод дуои нави худ,

Ҳама хонем дуъо аз дилу аз ҷон имруз

Рузи мавлуди Карим ибни Алишо(ҳ)ст  кунун

Зодрузи шаҳи дин нотиқи Қуръон имруз

Гар бибини ватанамро ту гумон месозӣ

Ки зи Миср омадааст Юсуфи Канъон имруз

Гир як лаҳза бихон гуфтаи Мавлои Замон

Суханаш беҳтар аз он ҳикмати Луқмон имруз

Метавон гуфт, ки Мавлои Замони ману ту

Соҳиби хотаму ҳам тахти Сулаймон имруз

Ёфтем зиндагӣ мо аз дами Исонафасаш,

Ба Бадахшону ба мо Аиси даврон имруз

Ончунон шодӣ ту Парвона намедонӣ чӣ сон

Хатм шуд шеъри ту дар води Ғорон имруз


Илоҳи бод вуҷудам фидои Мавлоно

Ду олам аст нигин дар нигоҳи Мавлоно

Гули баҳорӣ бигуяд, ки ло шарика лаҳу,

Ки яъне нест касе ҳамнавои Мавлоно

Шавам гилу зи гилам ногаҳон бируяд гул,

Гули баромада гуяд санои Мавлоно


Ноиби пайғамбари ҳақ воҳиди акбар Алист

Раҳнамои муъминон андар сафи маҳшар Алист

Рузи охир аз барои муъминони ташналаб,

Соқии волонишини чашмаи кавсар Алист

Бахшиши у чорсад бори шутур бар соилон,

Аз барои соилонаш домани пурзар Алист

Коми аждар канд дар тифлӣ Алии Муртазо,

З-ин сабаб гуянд мардон Ҳайдари Сафдар Алист

Ҳаст шаҳристони пайғамбар ҳудуди бекарон,

Бар чунин ганҷинаи илми Муҳаммад дар Алист

Гар назар созем бар мадҳи ҷумла шоирон

Аз раҳи ихлоси ҳар як ном дар дафтар Алист

Беҳтар аст аз кони гавҳар хоки пои Муртазо,

Нисбаташ гавҳар набошад, беҳтар аз гавҳар Алист

Мешавад Парвона бо ҷон чокари авлоди у

З-он ки суи равзаи доруссалом раҳбар Алист

                                                    26.04.1993


Фикру зикрам мадҳи шоҳи Муртазост

Он ки у шоҳаншаҳи арзу самост

Нест кас монанду мисли шоҳи мо

Шоҳи мо парвардигори анбиёст,

Ҳотаму Кайхусрави олинасаб,

Қайсару Доро ба даргоҳаш гадост

Бар забон ронам агар номи Алӣ,

Он замон бо манн малоик ҳамсадост

Кай тавонам зикр кардан номи у

Шоҳи Моро сад ҳазорон номҳост

Маҷмуъи Қуръон бувад дар мадҳаташ,

Хосса васфаш иннамову ҳалатост

Нуҳ фалак қоим зи зоти поки у

Ин замину осмонро муттакост

Ҳеҷ кас аз даргаҳаш навмед нест,

З-онки баҳри ҷуду ҳам кони сахост

Дар шареат ҳаст у ёри Расул,

Дар тариқат ҳамдаме бар Мустафост

Гар ниқоб аз рух ҳақиқат  бар гирифт,

Он замон болотар аз он шоҳ куҷост ?

Сарвари мардони олам уст у

Қомати карубиён пешаш дутост

Ҳар кассе гар душмани авлоди уст,

Як кафаш бо теғу дигар бо ҳиност

Чокари у   аз замин то осмон,

Ҷумлаи деву париву аждаҳост

Дулдулаш аз шавқ рузи ҳарбу зарб,

Бар сари хасми Алӣ ҷавлоннамост

 Зулфиқораш сайқали мироти дин,

Васфи покаш дар ҳадиси лофатост

Он Сикандарро суи оби ҳаёт,

Андарон торики шаб раҳнамост

Ҷоми Ҷам бошад ба дасти шоҳи мо,

Оина бар он Сикандар Муртазост

Ҳаси бар чашми ҳасудон ханҷаре,

Пеши чашми оқилон чун тутиёст

Нури раҳмат суи Довуд афканид,

Оҳану фулод пешаш мумиёст

Бар Сулаймон бахшиши у шуд нигин,

Ҷумлаи деву парӣ фармонравост

Як назар бар Муси Имрон намуд,

Муъҷизоташ байзаву чуби асост

Чун суи Исо нигоҳи лутф кард,

Айси андар маҳд бар Марям гувост

Бо Муҳаммад нозиру ҳамдам шудаст,

З-ин сабаб номаш васии Мустафост

Бахшиши у чорсад бори шутур,

Рузи охир бар сари Кавсар саққост

Буд по дар маҳд баста як замон,

Қотили он аждари ваҳшатнамост

Амру Антар ҳам зи зарби дасти у

Бар сари эшон ҳазарон фитнаҳост

Шаҳпару шаҳпирро сарвар бувад,

Илми поки Мустафоро бобҳост

Раҳмати у гар фитад бар деву дад,

Деву дад наздаш зи аҳли кибриёст

Гар фитад чашмаш ба санги хорае,

Пеши чашмаш санги хоро мумиёст

Гар фитад буи хушаш бар хори дашт,

Он замон он хор беҳ аз сабзаҳост

Номи у вирди забонам рузи шаб,

Исми у дар дафтару девони мост

Бар муҳибони заифи даргаҳаш,

Аз дами шамшери номардон панно(ҳ)ст

Розиқи мо бандагон шому саҳар,

Дар раҳи дин хусрави кишваркушост

Дидаам дар боғи даргоҳи Алӣ,

Булбулон к-аз мадҳаташ андар навост

Мадҳати у хирмани пурҳосиле,

Ин суханҳо дона аз хирворҳост

Давр шуд охир, кунун охирзамон

Ҳар киро бинӣ ба сад шуру навост

Ҷумлагӣ ғофил зи ёди кирдигор,

Дар миёни ҷумла ҷангу фитнаҳост

Аз намози хеш пирон ғофиланд,

Ҷумлагиро сояи шайтон пан(ҳ)ст

Кудакон ғофил зи илму ҳам адаб,

Дар ҳаққи эшон зи пирон бад дуост

Нест шоҳонро ба тахти худ қарор,

Пояи мулкаш ҳама бе муттакост

Халқи оҷиз мекашад ҷавру ҷафо,

Дар миёни халқи олам сад балост

Ё имом-ул-муъминин худ даст гир,

Рузи шаб Парвонаро ин мудаост.

18. 10. 1993. қ. Бағуш


Зодрузи шаҳи дин аст, муборак бодо!

Ид дар руи замин аст, муборак бодо!

Ҳуриён ҷумла фуроед, ки имруз замин

На кам аз хулди барин аст, муборак бодо!

Сарвари мо, ки ба монанди Сулаймони набӣ

Соҳиби тахту нигин аст, муборак бодо!

Шоҳ Карим ибни Алишо(ҳ) зи худованди вадуд,

Нур дар руи замин аст, муборак бодо!

Таблу чанг, ғижаку танбур бизан най бинавоз,

Шодии аҳли мубин аст, муборак бодо!

Аз қудуми шаҳи дин раҳмати олигуҳараш

Ба ясору ба ямин аст, муборак бодо!

Гуи алҳамд худоро, ки зи исмоилиён,

Сарвару раҳбари дин аст, муборак бодо!

Гарчӣ Нуҳ муъҷиза бинмуд, зи Мавлои мо

Муъҷизаш беҳтар аз ин аст, муборак бодо!


Он шахс, ки буд ба Нуҳ киштӣ

Бирҳонд варо зи шару зиштӣ

Боз омадааст гирифта бар даст,

Мифтоҳи биҳишт, он биҳиштӣ

То боз салоҳ ба халқ орад,

Аз дил бикашад бурун дуруштӣ

То боз мадад кунад ядуллоҳ

Бар қавм ки гашта ғарқи зиштӣ

То бина(д) зи нав, ки баъди дидор

З-аъмоли наку чи чиз риштӣ

Афсус, ки ҳануз маркабат ланг,

То ҳол миёнаи куништӣ

Маъбуди ту оташи ғурур аст,

Монӣ ту ба марди зардуҳиштӣ

Эй мард салоҳ куҷост, дарёб

Афсус, ки вақти худ биҳиштӣ

Боз омадааст гирифта бар даст,

Мифтоҳи биҳишт он биҳиштӣ

Эй дуст зи руш файз борад

Бар ончӣ ки дар дилат ту киштӣ

15. 08. 1998


Партави он моҳи тобон Шоҳ Карим

Соқии он оби ҳайвон Шоҳ Карим

Бар тамоми дард дармон Шоҳ Карим

Офтоби дину эмон Шоҳ Карим

Раҳбари халқи Бадахшон Шоҳ Карим

                Ёрият бахшид бар мо зиндагӣ

Варна мемурдем мо бо гандагӣ

Ҳалқа дорем мо ба гуш аз бандагӣ

Ҳеҷ умеде набуд  аз зиндагӣ

Раҳбари халқи Бадахшон Шоҳ Карим

Ёии ту гар намеомад ба мо

Ҷони мо мемонд дар чанги бало

То қиёмат то замони интиҳо

Дар лабонам доимо зикри шумо

Раҳбари халқи Бадахшон Шоҳ Карим

                Оҷиз аст аз васфи поки ту қалам

Боядам васфи ту гуфтан дам ба дам

Чун туи баҳри сахо кони карам

Ин сухан такрор ёбад дар дилам

Раҳбари халқи Бадахшон Шоҳ Карим

Ин Бадахшон дар паноҳат ё Имом

Мулки мо зери нигоҳат ё Имом

Зиндагиям аз сахоят ё Имом

Ҳаст Парвона гадоят ё Имом

Раҳбари халқи Бадахшон Шоҳ Карим


Ҳар имоме, ки зуҳуре кард донистам туи

Ризқ баҳри мо ҳузуре кард донистам туи

Он тавоное, ки мотамро намояд сур у

Девро монанди ҳуре кард донистам туи

Он тавоное Сулаймонро ба он тахту нигин,

Дар ҷаҳон муҳтоҷи муре кард, донистам туи

Он, ки баҳри раҳмат овардан ба Мусои Калим

Нури худ дар куи Туре кард, донистам туи

Он, ки хушхонӣ барои ҳазрати Довуд дод

Аз фалак роҳӣ Забуре кард, донистам туи

Онки дар туфони Нуҳ бо киштии дониш савор,

Оби дарёро убуре кард, донистам туи

Онки бар Аюб дарде дод, пас бар дафъи он

Дар дилаш пайдо сабуре кард донистам туи

Бар Халил онки замоне дар миёни манҷаниқ,

Норро як лаҳза нуре кард, донистам туи

4. 1992


ҲОЗИРИМОМ

Мисли хуршеде баромад аз саҳоб Ҳозиримом

Бар гирифт аз чеҳраи зебо ниқоб Ҳозиримом

Буд шаби дайҷур, мардум низ буд раҳгуми роҳ,

Ногаҳон рахшанда шуд чун офтоб Ҳозиримом

Мо дигар ҳаргиз наменолем аз бесоҳибӣ,

Дастгир аст бар тамоми шайху шоб Ҳозиримом

Гар ба гуфтори Имоми Вақт  бинмоӣ амал

Мераҳонад аз иқоб бахшад савоб Ҳозиримом

Ман чаро гуям ба ту мофиззамири хештан,

Назди ту набвад чу ҳарфе дар ҳиҷоб Ҳозиримом

Ҳар қадар Парвонашоҳ бинмуд дар Қуръон назар,

Дар каломи ҳақтаъоло буд лубоб Ҳозиримом


Донед, ки роҳнамо Имом аст

Раззоқи ҳама ба субҳу шом аст

Ин гардиши давру чархи гардун,

Ҷуз ғайри Имом нотамом аст

Ҳар касс, ки ба ҷуз Имом донад

Фикраш ғалату хатову хом аст

Бар ҷефа касе шавад гирифтор,

Аз ҳирсу ҳаво даруни дом аст

Ақлу дилу ҷони ҳар хирадманд,

То номи Худо шунид ром аст

Аз файзи саҳар муяссар аст ин,

Ё ин ки асар зи оҳи шом аст

Ҳар кас, ки Имоми худ надонад,

Он қути ҳалоли вай ҳаром аст

З-он пеш, ки даҳр гпашт бунёд,

Ин руи замин ба у мақом аст

Хоки кафи пои он имомон,

Бар чашми тамоми хосу ом аст

Хубиву накуиву латофат,

Ҳар вақт  аз у ба мо паём аст

Пас аз равиши имомати вақт

Ин кори имоми мо давом аст

Чун нест замона холлӣ аз вай

Он лав халаташ ба шони он аст

Дар назди Имоми мо ба таъзим,

Он ҳафт  фалак ба зери гом аст

Таҳқиқ назар намову бишнос,

Он нури Имом дар низом аст

Созед назар ба ҷамъи авроқ

Он номи накуш дар калом аст

Боқист чу руҳи бениёзаш,

Фарқи насабаш зи руи ном аст

Дар ҳашр барои муъминонаш,

у соҳиби ҳавзу обу ҷом аст

Чун хома ба даст мо бигирем,

у дар ҳама фикри мо алом аст

Эй шоҳи замон Карими Мавло

З-ин калб барои ту салом аст

Парвона бигу барои ёрон,

Донед, ки роҳнамо Имом аст

3. 1993


Суи ин мулки Бадахшон, хайра мақдам ё Имом

Баҳри дидори муридон хайра мақдам ё Имом

Гуяд охир аз барои мақдамат дар ин макон

Сангу куҳ, хоки Бадахшон, хайра мақдам ё Имом

Дорам умеди бузурге, к-аз  фуюзи мақдамат,

Мешавад мулкам гулистон, хайра мақдам ё Имом

Ин Бадахшон буд тира чун шабистон то кунун,

Омад акнун шамъи тобон, хайра мақдам ё Имом

Ин Бадахшон ҷисм буду дар вуҷудаш ҷон набуд,

Омад акнун ҷони ҷонон, хайра мақдам ё Имом

Сояи дастат бароям сояи боли ҳумост,

Аз бало моро нигаҳбон, хайра мақдам ё Имом

Кош гардад хоки роҳи мақдамат Парвонашоҳ,

Ки қадам монӣ ту дар он. хайра мақдам ё Имом

Ин нидо ояд ба гушам, аз азмину аз ясор,

Пешвои ҷумла покон, хайра мақдам ё Имом


Поко шаҳи гуҳарзод, шастсолагӣ муборак

Созам ҳамеша аврод, шастсолагӣ муборак

Мавлуд шуд зи иқбол, шаст сол пеш аз ин сол,

Шаст сола гашт имсол, шастсолагӣ муборак

Эй офтобт тобон, эй нури поки яздон,

Эй сарвари муҳибон, шастсолагӣ муборак

Бе ту биҳишт ҷаҳаннам, шодист бе ту мотам,

Оби бақост шабнам шастсолагӣ муборак

Ёрирасони мо ту, рузирасони мо ту,

Беҳтар зи ҷони мо ту, шастсолагӣ муборак

Мофиззамир донӣ, моро нигоҳбонӣ,

Наздиктар зи ҷонӣ, шастсолагӣ муборак

Шакар барин каломат. истораи имомат,

Ҷонам фидои номат, шастсолагӣ муборак

Ҳарфат беҳ аз ду боб аст, таъвили у китоб аст,

Ё ки луби лубоб аст, шастсолагӣ муборак

Бе ту чӣ суд амлок, з-ин фарш то ба афлок

Бешак ту зодаи пок, шастсолагӣ муборак

Дар шаб шавам сиёҳӣ, дар об агар чу моҳӣ,

Бар ту диҳам гувоҳӣ, шастсолагӣ муборак

Парвонаи Фаррухзод, гуяд муборакат бод,

Поко шаҳи гуҳарзод, шастсолагӣ муборак


МАВЛУД МУБОРАК БОД!               

Эй равшании дида, мавлуд муборак бод !

Эй шоҳи писандида, мавлуд муборак бод !

Ту мурғи паси қофӣ, дар ҳашр ту саррофӣ,

Ҳам соҳиби алтофӣ, мавлуд муборак бод !

Мазҳаб зи ту обод аст, бе ту ҳама бар бод аст,

Ҳоло зи ту аъёд аст, мавлуд муборак бод !

Ин амри ту махсус аст, олам ба ту побус аст,

Ин ҳодиса маҳсус аст, мавлуд муборак бод !

Хуршед ба кунҷи бом, ноёфт  чунин айём,

Гуем ба субҳу шом, мавлуд муборак бод !

Ту шамъи шаби маҷлис, васфи ту кунад Бирҷис,

Мо ҷумла ба ту мухлис, мавлуд муборак бод !

Бар ту набувад амсол, дар олами дин алҳол,

Шастсола шудӣ имсол, мавлуд муборак бод !

Гетист зи буди ту, қоим зи вуҷуди ту,

Созем суҷуди ту, мавлуд муборак бод !

Парвона бидеҳ хотим, ин қиссаи носолим,

Дар гушаи Ишкошим, мавлуд муборак бод !


Ё ИМОМ

Роҳнамои уматони Мустафои ё Имом

Бешаку шубҳа ҳаққо нури худои ё Имом

Аз барои он бихонанд Фотимӣ насли варо,

Ки зи духти поки он муъҷизнамои ё Имом

Моҳи гардуни фалак аз нури у партав гирифт,

Хуштар аз он нури шамси ваззуҳои ё Имом

То дари ганҷинаи илим ҳақоиқ боз шуд,

Соҳиби ганҷинаи илми бақои ё Имом

Ончӣ хуш бошад дар олам дидани дидори уст,

Мухтасар дар ҳар дуъо олам подшо(ҳ)и  ё Имом

Мушкиле дорам намеёбам ба суи ҳақ раҳе

Мушкилоти бандаро мушкилкушои ё Имом

Дорам умеди шафоат ман ҳашри охирин,

Дар қиёмат аз барои мо панно(ҳ)и  ё Имом

Хуб эҳсос дар замираш мекунад Парвонашоҳ

К-аз барояш дар ду олам пешвои ё Имом

8. 10. 1993


Ҳақиқат аст, ки асрори ту басо аъвис

Агарчи хондаам имруз сад китобу ҳадис

Ҳамеша фикру хаёлам ба суи ту банд аст

Дар ин замона надорам бағайри ту мунис

Каломи авали ман номи поки ту бошад

Даруни Каъба равам ё куништ ё маҷлис

Дилам зи меҳри ту буд гарм гармтар гардид

Ба гарм гаштани дил чеҳраат бишуд боис

Зи ҳашр бос надорам таввакалам бар ту

Зи авфу раҳмати ту нест ҳеҷ кас оис

Ҳақиқат аст, вале дар замона кампаидост

Агарчи баҳри ҳақиқат ҳамешаам мухлис

Ба дуст васл бихоҳи агар ту Парвона

Бибин мабод ниҳад дом дар миён Иблис

Зи кори Эзиду шайтон ба даст худро гир

Чу ҳар ду ҷинс бувад ҳамчу санги миқнотис

                                                       12. 11. 1996


Ба дуст мардумаки чашм хона мегардад

Ва ҷои дуст дар он ҷовидона мегардад

Ҳаққо ки ишқ бувад ҳамчу санги миқнотис

Дилам зи кашмакаши у равона мегардад

Пай он ки бурд зи асрори оқилонаи у

Ҳадиси дузаху ҷаннат фасона мегардад

Агар зи қудрати худ бар харобае нигарад

Зи тобиши нигаҳи у хазона мегардад

Барои хар чи дар олам шавад қадир аст у

Фақат ба ҳар амали у баҳона мегардад

Ба як нигаҳ дили манро намуд у тасхир

Сипас ба пеши назар моҳирона мегардад

Нахуст дида ба у ошиқона менигарист

Зи баъди ин суи у  оқилона мегардад

Барояд аз дили Парвона дуди оташхоҳ

Зи дуд оқибат оташ забона мегардад

                                               12. 11. 1996


Нақши руят чу ба девор мусаввар гардад

Кулба аз тобиши он нақш мунаввар гардад

Чун зи нақши ту чунин аст аҷаб пас чи шавад

Гар даме дида ба дидор муяссар гардад

Ишқат онқадр муҷаззаб ба худоям савганд

Фахр созам ки фидо дар қадамат сар гардад

Ҳама худро ба ту хонанду бидонанд банда

Баини адён чу ҳадиси ту мушаҳҳар гардад

Чокарат будан аз он мансаби шоҳи хуштар

Кош Парвона ғуломи ту мукарар гардад

                                                  20. 12. 1996


МУХАМАСОТ

Боғи ирфонро ниҳоли пурсамар Муллои Рум

Гавҳар андар баҳру дар бар кони зар Муллои Рум

Фатҳ қасри илм бинмуд сар ба сар Муллои Рум

Кард пайдо суи ҳақ роҳи назар Муллои Рум

Пардаи асрорро шуд пардадар Муллои Рум

У маро имруз аз сирри ниҳон огоҳ кард

Бо каломи хеш аз хобби гарон огоҳ кард

Алхусус аз шоҳи ҳар давру замон огоҳ кард

То хирад уро зи асрори ҷаҳон огоҳ кард

Аз рамузи ҷони олам бохабар Муллои Рум

Мавлавӣ ҳаққо ки будатолибу ҷуёи илм

Мавлавӣ ҳаққо ки буда кошифи маънои илм

Мавлавӣ ҳаққо ки буда махзани гуёи илм

Хурд он ғаввоси моҳир ғута дар дарёи илм

Омад аз қаҳри самандар пургуҳар Муллои Рум

Воҷиботи ҷумла махлуқот ҳукми бандагист

Варна рузи ҳашр аз аъмоли худ шармандагист

Дар миёни парда ҳарфи хубро тобандагист

Руи оламро дарахте аст баҳраш зиндагист

Мева пайдо карду хурд аз он шаҷар Муллои Рум

Дар миёни баҳру дарёи улум бинҳод шаст

Ногаҳон бо шаст омад гавҳари маънӣ ба даст

Гашт аз майхонаи илми ҳақиқат марди маст

Ҷуръаи майро ба ҷомаш рехт соқии аласт

Дил ба соқӣ доду гашташ мадҳгар Муллои Рум

Офарин хонам ба идроке буд дар зоти у

Ақл гардидаст дар чавгони маънӣ Моти у

Маснавии маънавии мавлавӣ исботи у

Кай муайян буд сирри ишқу муъҷизоти у

То ки Шамсиддин лиқо нанмуд бар Муллои Рум

                                                                             11. 09. 1996


Дар қафас рузу шабам, лек ба фикри уям

Ҳар нафас тибқи хаёл восили он хушхуям

Баҳри озодӣ аз ин варта раҳе меҷуям

Борҳо гуфтааму бори дигар мегуям

Ки мани дилшуда ин раҳ на ба худ мепуям

у кунад халқ аз ин банда чу пиндоштаанд

Дар дилам сабз савад ончи дар он коштаанд

Аз дили манн самарии кори худ анбоштаанд

Дар паси оина тутисифатам доштаанд

Ончӣ устоди  азал гуфт бигу мегуям

Соқӣ паймонаи ман кард пур аз рузи аласт

Худ бинушонд маро манн шудам аз он май маст

Ман шудам маст бирафт риштаи корам аз даст

Ман агар некаму гар бад чаманорое аст

Ки аз он даст ки мепарварадам меруям

Гар калиди дари мақсуд дуъои саҳар аст

Дари мақсуд пас ихлоси шаҳи баҳру бар аст

Қудраташ ҳат фузун баҳри ҳама додгар аст

Хандаву гиряи ушоқ зи ҷои дигар аст

Месароям ба шабу вақти саҳар мемуям

Ёр дар хона бувад, гирди ҷаҳон ёр маҷуӣ

Умр, Парвона равон аст на кам з-оби ҷуӣ

Манн ба хоки дари майхона бимолидам руӣ

Ҳофизам гуфт, ки хоки дари майхона мабуи

Гу макун айб, ки мушки хутанӣ мебуям


Эй шоҳ, ки тағир диҳӣ ҳукми қазоро

Султони мамолик бикуни шахси гадоро

Ҳошо, ки ба доми ту раҳ аст мурғи ҳуморо

Эй нури Худо дар назар аз руи ту моро

Бигзор, ки дар руи ту бинем Худоро

То чеҳраи зебандаи ту қибла маро шуд

Дар руи базеби ту аён нури Худо шуд

З-ин нури Худо тоғибу роғиб ҳама ҷо шуд

То накҳати ҷонбахши ту ҳамроҳи сабо шуд

Хосияти Исост дами боди саборо

Дӣ васфи ту дар маҷлиси алом шунидам

Аз бодаи саршори лаби ҷом шунидам

Бо гуши дилам душ зи Ислом шунидам

Пеши ту дуъо гуфтаму дашном шунидам

Шояд асаре беҳтар аз ин нест дуъоро

Дируз ба васфи ту гуҳар суфт муаллим

Дар шони рухат ояти нав гуфт муаллим

Дар олами дин ҷои ту бинҳуфт муаллим

Он руз, ки таълими ту мегуфт муаллим

Бар лавҳи ту нанвишт магар ҳарфи вафоро

Солор туи хели сипоҳат зи чӣ…

Ҳаққо ки сипоҳи ту ҳама дилкашу поканд

Бар амри ту имруз само то ба самоканд

Ҳарчанд, ки хубон ҳама дар роҳи ту хоканд

Ҳайф аст, ки бар хок ниҳӣ он кафи поро

Ҳаққо, ки шинохти ту бувад ҷавҳари динам

Биллоҳ, ки ба ғайри ту дигар ҳеҷ набинам

З-он руз, ки асрори ту гардид яқинам

Мехостам осуда ба кунҷе бинишинам

Болои ту ангехт ба ногоҳ балоро

Парвона барин ишқи туро ташналабе нест

Ҳушёр вай аз бодаи ишқи ту шабе нест

Ҷуз дидани дидори ҷамолат ҳавасе нест

Гар ёр кунад майли Ҳилолӣ аҷабе нест

Шоҳон чӣ аҷаб гар бинавозанд гадоро

10. 1996


Эй кош ман он лаҳзаи дидор бимирам

Молам ба паят дидаву рухсор бимирам

Пеши қадами ёрни вафодор бимирам

Хоҳам, ки ба пеши қадамат зор бимирам

Ҳарчанд кунӣ зинда дигар бор бимирам

Ман ҳеҷ хабар аз сари куи ту надорам

Зеро, ки гузар ҳеҷ ба суи ту надорам

Ман зиндагӣ бе лаззати буи ту надорам

Ман тоқати нодидани руи ту надорам

Мапсанд, ки дар ҳасрати дидор бимирам

Не дида чу ту дидаву не гуш шунидаст

Монанди ту дар боғи Ирам гул надамидаст

Имруз туро бахт ба ин хона кашидаст

Хуршеди ҳаётам ба лаби бом расидаст

Он беҳ, ки дар сояи девор бимирам

Гуфтам, ки туро металабам, хусрави хубон

Гуфтӣ ту на лофи даҳанӣ шоҳиди эмон

Гуфтам ба рақибон бибарам рашки фаровон

Гуфтӣ, ки зи рашки ту ҳалоканд рақибон

Ман низ бар онам ки аз ин ор бимирам

Парвона фақат ишқ бувад қурби висоле

Дар даҳр касе нест ба ёри ту мисоле

Ҷояш ҳама ҷо аст миёни ҳама холӣ

То ёр ба сарвақти ту афтод Ҳилолӣ

Вақт  аст  агар дар қадами ёр  бимирам

5. 1995


Агар ба баҳри улум ин дилам хазона шавад

Ба мисли Каъба агар қиблаи замона шавад

Зи дидани рухи зебои у фасона шавад

Чу доми турраи у гирди холи дона шавад

Барои чидани дом мурғи дил равона шавад

Бигашт мурғи дилам баҳри донааш бемор

Давои у рухи маъшуқа аст дар шаби тор

Агарчӣ мурғи дилам шуд асири зулфи ёр

Мазан дамаш зи гирифторӣ, эй сабо зинҳор

Шавад чу огаҳ аз ин боз моҳирона шавад

Бирав сабо ба барии у паёми дуст бигу

Даҳон бибурда ба гушаш каломи дуст бигу

Ба лаҳну шеваи ошиқ салом идуст бигу

Бирав ба гуши латифаш паём идуст бигу

Ки тири мақсади ту бар диле равона шавад

Чу ишқ тифли замир асту роҳбар дорад

Зи ҳоли тавбаву қасди падар хабар дорад

Вале куҷо ғами ҳарфам чунин писар дорад

Зи ранҷу роҳати дунё куҷо хабар дорад

Парандае, ки на берун зи ошиёна шавад

2. 09. 1996


Муҳаббат аст паёми мо (Бахшида ба иштироккунандагони мусобиқоти
варзишии Ҷашнвораи Заррин)

Қасам ба нур, дар асри эҳтиёҷи нур

Қасам ба зиндагии аз балои аср дур

Қасам ба аҳдномаи бародариву хоҳарӣ

Қасам дар асри ғам ба зиндагии пурсурур

Диҳем ҷисмро ба варзиш обу тоб

Ниёзи рӯҳро диҳем бо дуъо ҷавоб

Ва мағзро диҳем таъоми донишу ҳунар,

Диҳем қалбро зи ишқи поки ҳақ шароб

Ҳам ин ҷаҳон ҳам он ҷаҳони худ диҳем шукӯҳ

Ба суду арзишаст хатти маши мо вузӯҳ

Сутуни сақфи кохи зиндагӣ бапо кунем,

Зи эътидоли ақлу ишқ, ҷисму рӯҳ

Миёни фарду ҷомеа кунем эътидол

Сафар кунем зи сифр то ба сарҳади камол

Паёми меҳру дӯстӣ барем бо шӯъои нур

Ба шарқу ғарб ҷониби ҷанубу ҳам шимол

Шинохти ҳадди худ шиори мо бувад

Ки илму дин, ҳарду шаҳриёри мо бувад

Ҳуқуқу ҳам вазифа ҳар кадом ба ҷои худ,

Ғинои моддӣ-маънавӣ қарори мо бувад

Шавем ба илму ҳам амал намунаи диёр

Зи фикру зикру аз адаб шавем тоҷдор

Ниёзи асри мост насли хубу муқтадир

Ва худкифову рӯи пои хеш устувор

Ба сайру ҷунбиши ҳамешагӣ дуруди мо

Ҷумуду ист худ мухолифи вуҷуди мо

Сафар зи нуқтаи «будан» ба сӯи нуқтаи «шудан»

Танидааст асрҳо миёни тору пуди мо

Намудаем то абад ба кину душманӣ видоъ

Ҳамеша мекунем мо зи тифли ростӣ дифоъ

Наем гурӯҳи бетараф, ҳамеша мекунем шино

Ба умқи фитрати худу ба сарнавишти иҷтимоъ

Танавуъ зеби зиндагӣ, аз ин танавуъ ҳосилем

Ба кори ифтихорӣ мо чӣ ошиқона моилем!

Аз он ки ҳамдилӣ басе зи ҳамзабонӣ хуштар аст,

На ҳамзабон агарчӣ мо, хушо гурӯҳи ҳамдилем

Дили Абусаиду мағзи Буалӣ ливои мо

Гузар зи масрафӣ ба ихтироъст муддаъои мо

Муҳабати ҷаҳониён мароми мо, ПАЁМИ мо

Имоми вақти мост дар замона раҳнамои мо,

Қасам ба нур дар ҳазораи ниёзи нур

Қасам ба зиндагии аз балои аср дур

Қасам ба аҳдномаи бародариву хоҳарӣ

Қасам дар асри ғам ба зиндагии пурсурур

                23 апрел 2011 ш. Хоруғ


Рузи мавлуди хамон сарвари мардон имруз

Ид доранд ҳамаи пиру чавонон имруз

Вах чи хуш чеҳраи ин аҳли ҷамоат бинигар

Хотири беғаму ғусса лаби хандон имруз

Табл зан, чанг навоз, шеър бихон шодӣ кун

Беҳтарин иди муридони Бадахшон имруз

Ғайри фармон мадиҳед гуш ба ҳарфи дигарон

Эй ҷамоат, бидиҳед гуш ба фармон имруз

Пеш аз ин роҳи муридон чу шаби ялдо буд

Ҳаст дар роҳи ҳама машъали рахшон имруз

Ба ҷамоат бифиристод дуои нави худ

Хама хонем  дуъо аз дилу аз ҷон имруз

Рузи мавлуди Карим ибни Алишоҳст кунун

Зодрузи шаҳи дин нотиқи Қуръон имруз

Гар бубинӣ ватанамро ту гумон месозӣ

Ки зи Миср омадааст Юсуфи Канъон имруз

Гир як лаҳза бихон гуфтаи Мавлои Замон

Суханаш беҳтар аз он ҳикмати Луқмон имруз

Метавон гуфт, ки Мавлои Замони ману ту

Соҳиби хотаму ҳам тахти Сулаймон имруз

Ёфтем зиндагӣ мо аз дами Исонафасаш

Ба Бадахшону ба мо Айсии даврон имруз

Он чунон шоди ту Парвона нанамедонӣ чӣ сон

Хатм шуд шеъри ту дар водии Ғорон имруз

         13.12.2016