Раъно Мубориз.

ТАРОНАИ ДИДОР

Ох, ин чи дидори хуше,

Шайдо шудам, шайдо шудам.

Хобам ва ё бедор ман

Очиз будам, бино шудам.

Нотиќ набудам то кунун,

Хай булбули гўё шудам.

Ох, ин чи ишќе буд ман

Хайрону вовайло шудам.

Сохир туи, к-аз сехри ту

Якбораги зебо шудам.

Мохир туи, к-аз мехри ту

Ќатра будам, дарё шудам.

Шоир туи, к-аз шеъри ту

Доно шудам, Раъно шудам.

Ох, ин чи дидоре, ки ман

Саршор аз маъно шудам.

Оре, туи Шамси замон,

Ман мисли Мавлоно шудам!