Руми — «МАСНАВИ-ЙИ МАЪНАВИ»

Пас ба ҳар давре валийе қоим аст,
То Қиёмат озмоиш доим аст.

— Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммади Руми (1207 —  1273)

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳз бо «Маснавии маънавй» дар адабиёту фарҳанги гузаштаи мо накши босазое гузошт. Таъсири он ба адабиёти хурду бузурги дунё назаррас аст. Ба эҷоди асар соли 1225 шурӯъ намуда, дар тӯли 10 сол онро эҷод кард. Асар аз 26500 байт иборат аст. Он мисли достонҳои маъмули адабиёти пешин сужети ягона надорад.

Асар аз нигоҳи устухонбандй ба шаш дафтар кисмат шудааст ва ин шаш дафтар ба хам аз нигоҳи мавзӯъ пайванд ё алоқаманд нестанд. Як умумияти бай-ни дафтарҳо ин аст, ки нахуст оёте аз «Қуръон», ҳадисе аз Расу-ли Акрам (с), ҳикоя, латифа, накду ривоёт оварда мешавад ва пасон дар анчоми онҳо мақсад, ҳадаф ва афкори адиб ва мутафак-кир баён гардидааст. Аз ин назар онҳо афкори фалсафй ва ё ир-фонии Мавлоноро пурра мекунанд, тақвият медиҳанд.

Аз нигоҳи устухонбандй ва сабки баён «Маснавй»-ро ба «Калила ва Димна» метавон шабех донист. Масалан, барон тасдиқи матлабе ҳикоёту латонф ва амсолу ҳнкматро бедарег истифода мебарад. Бахусус, услуби ҳикоят андар ҳикоят, латифа андар латифа, ривоят ан-дар ривоят онҳоро ба ҳам наздик гардондааст, ки мо ҳангоми таҳлили ин асар ба ин масъала боз хоҳем гашт.