Сангмуҳаммад Ҷаъфарӣ

Шаҳе дорам, ки тахти Ӯ ба олам ҷовидон бошад,

нигини подшоҳияш зи арши ломакон бошад.

ба рухсори Шаҳам нуре зи нури Холиқи Яздон,

барои равшании роҳамон партавфишон бошад.

бинозам лутфу эҳсонаш, ки аз хонаш ҳама олам,

тановул кардаву хонаш ҳамоно бекарон бошад.

аз ин авҷи талотуме, ки дунёро хатарҳоест,

ягона Ноҷии олам зи туфони замон бошад.

Худо дода ба дасташ қудрату нерӯи ақлиро,

паногоҳи ҳама мазлуму дарвеши ҷаҳон бошад.

аз ин тахту аз ин минбар зи бунёди ҷаҳон то ҳол,

ҷаҳонро зебу зиннат, халқро амну амон бошад.

накарда ғасп тахти ҳеҷ кас, ин тахт тахти Ӯст,

далилаш аз Ғадири Хум ба олам худ аён бошад.

Худо бахшида ин тахту барояш ҳам пиҳил карда,

ки ин тахти сиёсат нест, тахти ҷони ҷон бошад.

на лашкар ҳаст дар кораш, на марзу на дигар қудрат,

сипоҳаш ақлу нури эзидаш ҳамчу синон бошад.

ҳазорон ҷашни алмосии дигар боз меояд,

ҳамин як тахту як Шоҳе, ки дар ӯ ҷовидон бошад.

навишта Ҷаъфарӣ ин номаи табрикии ҷашнат,

ба кунҷи хонааш танҳо умеди авфи он бошад.


Ончунон ҷанг аст ё Раб дар вуҷудам рузу шаб,

куфру имон омаданд андар набарди рӯ ба рӯ,

ҷисм майдони набарди ин ду лашкар гаштааст,

гарди ҷисмам мебипечад дар набард бар чор сӯ.

ҳар гаҳе имон ба куфр ғолиб шавад хуш давлатест,

нури имон медурахшад аз ҷабин бар рангу рӯ.

хислати неку шавад ҳосил ба ҷои феъли бад,

тухми куфру нафс аз қалбам намояд шусту шӯ.

нури имон медиҳад сайқал даруни қалбро,

то сироти мустақимро менамоям ҷусту ҷӯ.

ҷусту ҷӯ бе роҳбалад ҳаргиз намеояд ба даст,

дар хусуси зоду роҳ бо Ӯ намоям гуфтугӯ.

мутмаъин аст Ҷаъфарӣ аз роҳнамои даври хеш,

к-Ӯ бидонад пасту болои ҳамин раҳ мӯ ба мӯ.


Ман қиссаи ёр месароям,

бо нағмаву тор месароям.

мастам зи ҷамоли бе мисолаш,

чун савти ҳазор месароям.

гарм аст баҳори нури рӯяш,

чун турна қатор месароям.

бе худ зи аналҳақаш чу Мансур,

Ҳақ гуфта  ба  дор месароям.

дар ҷашни валодаташ ба Алмос,

назрона таёр месароям.

пешвои ҷаҳон шуда мақомаш,

ҷон карда нисор месароям.

шаҳрванди ҷаҳонӣ буд мақомаш,

ин қисса зи пор месароям.

олам ҳама маҳви лутфаш эй дӯст,

сулҳ карда шиор месароям.

аз сураи Ҳуҷароту Ниссо,

ваҳдат ба табор месароям.

ин аст мароми шоҳи динам,

бе сабру қарор месароям.

ин аст паёми ақли комил,

бар  шаҳру диёр месароям.

ин назм зӣ Ҷаъфарӣ ту бишнав,

бо нолаи зор месароям.


Нуре ки баъди нур зуҳури замона кард,

Равшан чароғи маҳфили мо ҷовидона кард.

Ҳаштод соли ҷашни валодат хуҷаста бод,

К-уро фидои аҳли башар бе баҳона кард.

Гуфта Худо «Сироҷуммунирро» ба шони Ӯ,

Ӯ рӯшани зи сӯи Худо ворисона кард.

Қуръон варо «Имоми мубин» хонда дар  дилаш,

Меҳраш даруни қалби мурид ошиқона кард.

«Татҳир» гувоҳи покии Ӯ медиҳад мудом,

«Мин айиматил атҳор» варо дар замона кард.

«Надъу куллу уносим би имомим» ба асри худ,

«Дар суратул Исро» Худо -ш, холисона кард.

Садҳо ҳазор далели дигар метавон биёфт,

Зеро Худо сифоти варо орифона кард.

Онро ки Ҳақ сифоти варо кард , ман киям?

Шояд Худо тавассути мо шоирона кард .

Табрик зи номи ҷумла муридони тоҷикаш,

Ин Ҷаъфарӣ зи сидқу сафо омиёна кард.


Иллоҳо холиқо парварвардигоро,

пазир арзу сипоси бенаворо.

дар ин баҳри амиқи пурталотум,

туи моро сафина шаҳриёро.

ба ғайри лутфи ту чизе надорам,

на зӯҳду зоду тоат аст моро.

бад-ин бечорагиҳое, ки дорам,

фақат дорам туро парвардигоро.

ҳазорон шукр бар даргоҳи лутфат,

ки бахшиди набии Мустафоро.

чи гуна бори миннатро нагирам.

ки додӣ ҳодие чун Муртазоро.

зи Хотуни қиёмат чун кунам васф,

ки наслаш ҳавзи кавсар аст моро.

Ҳасан маснаднишин шуд дар хилофат,

Ҳусайн пешвои дин шуд ҳар гадоро.

аз ин насли муборак то ба ин дам,

бақоҷӯён биёфтандӣ бақоро.

аз он дурдона гавҳар ин замон ту,

Каримо, Шоҳкарим додай ту моро.

шуда умраш зи ҳаштодам фузунтар,

ки шасташ тахти Алмосӣ сазоро.

кунам табрик ҷашни Шоҳи мардон,

Имому Ҳодиву Маҳдист моро.

бигу мадҳаш зи ҷон эй Ҷаъфарӣ ту,

ки лутфи Ӯ бақо бошад фаноро.


Эй муслимин ба ҳақи Худову расулу дин,

бигзар зи роҳи ҷаҳл дар ин дайри вопасин,

душман ба тири хасм нишастаст бар камин,

дода силоҳ ба мову туву ону ину ин,

то хуни ҳам зи ҷаҳл бирезем бар замин.

мову ту мисли саг ба ҳам ҷанг мекунем,

гӯё барои дини худ ин нанг мекунем,

рӯи замин зи хуни худӣ ранг мекунем,

бар синаҳо зи нафрату кин занг мекунем,

гӯё Худо ба мо бигӯяд, ки офарин!

эй ДОИШи лаини лаинони лаънатӣ,

пасттар зи куфр кешу нишони касофатӣ,

кори ту қатлу зулму нифоқу шақоқатӣ,

қатлат мубоҳст чунки зи кеши разолатӣ

Парвардигор решаашон баркан аз замин.

бас аст ҷанги Шиаву Сунӣ дигар-дигар,

ин ҷанг бари дини Набӣ мекунад зарар,

аз ҷангу зулм ҷумлаи муъмин хуни ҷигар,

бо ақли хеш меравӣ бар нору бар Сақар,

онҷо ба қарнҳо бимонӣ яқин-яқин.

садҳо ҳазор ятим зи дасти ту дар ба дар,

ронда шуда зи хонаву хокаш шуда ба сар,

аз насли хук зодаӣ ё нутфаи зи хар,

бо лашкари Хавориҷи бедини бепадар,

ҳамсаф шуда ту хун бирезӣ зи муслимин.

безор аз ҷиҳоди ту ҳам Холиқу Расул,

рӯҳат ба сӯи Ҳақ нагардад қабул-қабул,

корат хиёнат аст ба қавли аҳли уқул,

зеро, ки ҷоҳиледу бигумтон ҷуҳул-ҷуҳул,

худ фитнаеду ғарқ дар ин фитна инчунин.

ман муслимам дини ман Исломи пок-пок,

бошад Набӣ паёмбари ман аз шумо чӣ бок,

муъмин зи ҷаҳли ДОИШи шум гашта синачок,

ман саҷда мебарам ба Худо то ба рӯи хок,

к-ин душмани ҳасуд шавад ғарқ дар замин.

эй Ҷаъфарӣ паноҳ ба Худои ҷаҳон бубар,

аз фитнаи шаётини бедини бехабар,

туфони сахт аст ба муслим бувад хатар,

дар киштии наҷот дарову аз ӯ гузар,

зеро Раҳим аст Худованди Оламин.


Ман масти ҳаёҳуи Алӣ ҳастаму Олаш,

он лаҳза, ки аз шавқ расам ман ба ҷамолаш.

девонасифат бар сари ҳар дор бароям,

он ҷо, ки зи куҳи карамаш ҳаст шамолаш.

ман нестам он лаҳза, ки ин хушгуҳар ояд,

Ӯ ҳаст, ки бар нутқи ман орад зи каломаш.

ин нестии ман чӣ хуш аст, пеши ман Ӯ аст,

аз ҳубби Алӣ гӯяду аз васлу висолаш.

гар ҳаст маро фурсати ин зикри шабонгаҳ,

то зикр кунам ман сифати фазлу камолаш.

эй кош ба ҷуз Ӯ накунам ёди дигар кас,

Ӯ аст бақое, ки дар ӯ нест заволаш.

эй Ҷафарӣ имшаб чӣ шабе аст, ки бо ӯ,

ту карда савол аз худу, з-Ӯ ёфта ҷавобаш.


Эй бало аз ту наметарсам, ту мепурсӣ чаро?

аз барои дафъи ту аз худ, Худо дорам, Худо.

қодири қудратнамову холиқи ҳарду ҷаҳон,

подшоҳи бевазиру қозии рӯзи ҷазо.

ман зи худ бигзаштаву худро ба ӯ биспурдаам,

ту зи чанги ӯ набитвонӣ барим бар ҳар куҷо.

мутмаинам ман ба он ки дасти байъат додаам,

эътиқоди ман намеларзад ба ҳар боди фано.

роздони нуқтасанҷу кошифи ҳаққул-яқин,

он ки дорад огаҳӣ аз шури қалби бесадо.

ҳамчу Иброҳим агарчӣ мо миёни оташем,

мо куҷо пурсем аз ӯ, чун ӯ хабар дорад зи мо

гар ба оташ мегузорад ё барорад кори ӯ,

розии ҳукмаш ба ҳарчӣ мекунад, бо мо сазо.

моликул мули ҷаҳону ло шарик дар шони ӯст,

кай баробар мешавад бо ӯ, касе дар ин саро.

Ҷаъфарӣ ҳаргиз насозад нақзи байъат бо Худо,

нақзи байъат бо Худо гӯё, ки бошӣ бе Худо.


Исмоилиему ба касе кор надорем,

ҷуз сидқу сафо марҳами асрор надорем.

мо ҳомии сулҳему хирад пешаи моён,

бар тиру туфангу фанатизм кор надорем.

дорем яке сарвари олӣ ба ҷаҳон мо,

бар халқи дигар таъсубу гуфтор надорем.

хилқат шуда одам ҳама аз Одаму Ҳаво,

мо дӯст ба ақвомему ағёр надорем.

ҷое ки ба таърих задан туҳмате бар мо,

мо карда дифоъ аз худу озор надорем.

моро асасин гуфтаву таҳқир бинамоянд,

дин зинда ба Асосу ба он кор надорем.

Ӯ аст, ки тафсири калом мекунад ҳар вақт,

мо гӯш ба ҳар ДОИШу ТЕРОР надорем.

дарди дили мазлум ҳама дарди дили мост,

сад шукр, ки мо қотилу хунхор надорем.

ҳарҷо ки касе ҳаст ба бадбахтӣ гирифтор,

ҷуз Шоҳи замон ҳамдаму ғамхор надорем.

кард Ҷаъфарӣ маҳкуми ҳама зулму разолат,

ҷуз Қодири Қаюм касе ёр надорем.


Эй Худо нозам туро чун нозро зебандаи,

роз бо ту мекунам чун розро пушандаи.

пеши ту орам ниёз, зеро ки ҳасти бениёз,

ман мадад аз ту бихоҳам, чун ки ту пояндаи.

куллу ваҷҳун ҳоликун илло фақат рӯи Худо,

чашмаи хуршедиву дар ҳар замон тобандаи.

ғарқи исёнему лутфи ту чу баҳри бекарон,

қатраи лутфе ба мо бахшо, ки ту бахшандаи.

ман зи хиҷлат раҳ ба даргоҳат куҷо ёбам, Худо.

лек навмедӣ надорам, чун ки ту бахшандаи.

Ҷаъфарӣ аз остони ту нарафт ҷои дигар,

гар бирони ё бихони, з-он ки худ донандаи.


Нест ҳамдам ҷуз Аллоҳ ҳар дам маро дар ҳар нафас,

Эҳтиёҷи худ ба Ӯ орам, ки Ӯ фарёдрас.

Бекасонро дастигир асту ғарибонро паноҳ,

Ғайри дидораш набошад дар ҷаҳон бар ман ҳавас.

Номаи нанвишта хонад аз даруни қалби ман.

Медиҳад зудам ҷавоб, гар ман кунам з-Ӯ мултамас.

Ӯ ба ман наздик зи ҷону, ман  з-ӯям бехабар,

Кош хабар бидҳад, ки аз худ бигзарам, бар ман, Ӯ бас.

Ман намехоҳам, ки ман бошам, зи ман, ман бигзарам,

К- ҳар чӣ аз ман ҳаст, зишт асту ба мисли хору хас.

Ҳар чӣ бо Ӯ ҳаст зебо асту доим ҷовидон,

Кош аз ман ҳам чунин мебуд, афсус бар абас.

Ӯ ба ман ёру ман астам бевафо дар нисбаташ,

Дарси ёриву вафодорӣ аз Ӯ дорам ҳавас.

Ман дигар аз мактабу дарсаш намемонам қафо,

Ман ба авроқи дилам ҳарфаш нависам ҳар нафас.

Корвонашро кунам ман ҳамраҳи дар ҳар замон,

То зи корвонаш наяфтам, ман дар ин раҳ ,пешу пас.

Ҷаъфарӣ амри муҳиққи давр мебояд гирифт.

Боқии кори ҷаҳон барҳақ бувад бар ту ҳадас.

                                                                   23.09.2016