Сардор Раҳдор

ШОҲИ ВАЛОЯТ

Эй ки дар ин  кўҳнасаро аз ҳамагон бартарӣ

                                                     субҳи саодат туӣ,

Ҷумлаи шоҳони ҷаҳонро бикунӣ  сарварӣ,

                                               нури ҳидоят туӣ.

Мулки туву давлати ту ойинаи раҳмат аст,

                                              ҷаннати поянда аст,

Айни замон,  рўи  замин  партави он Доварӣ

                                                адлу шафоат туӣ.

Ҳоли  парешонии мо ҷамъ шуд аз меҳри ту

                                           аз хираду сеҳри ту,

Дўст биё, ҷамъу парешон кунадат боварӣ,

                                          парчами ваҳдат туӣ. 

Нест зи ғамҳои ҳаводис ба дилам тирагӣ,

                                             хастагиву хирагӣ,

Шоҳу шаҳаншоҳи ҷаҳон бар ту кунад  чокарӣ

                                                       амри итоат туӣ.

Хотири Сардор  шуд аз дидани рўят аласт,

                                               маст зи дидор маст.

Дар ҳарами  зоти худу аслу   насаб гавҳарӣ,

                                              Шоҳи валоят туӣ. 


ШАРАФ
(дар суҳбат бо Абусайиди Шоҳхумор).

Шараф моле зи даргоҳи Худо аст,

Заминӣ нест аз боло ато аст.

Шараф пирўзие бар деви нафс аст,

Ки он подоши марди порсо аст.

Шараф дорӣ, азизи Хонадонӣ,

Ҳамин аст фитрати Мавло чу хонӣ.

Фидо дар Карбало бинмуд ҷонро,

Ки то бошад барои мо нишонӣ.

Касе, ки аз барои молу ҳоле,

Вуҷуди хештанро мефўрушад.

Талоши ў ҳама бар чанги бод аст,

Агар монанди дарёе хурўшад.

Шараф буд, к-одамиро кард Одам,

Барад Қорунро  то ҳадди Ҳотам.

Агар одам надонад қадри худро,

Аз ў бадтар куҷост махлуқи олам???


НУРЗОДАГОН
(лабханди тифлон)

Мо зодагони нурем,

Озодагони нурем.

Эй, офтоби дидор,

Дилдодагони нурем.

Аз нури поки Мавло,

Равшан шуда дили мо,

Аз даргаҳи Худованд,

Дорем умеди фардо.

Аз меҳру аз вафояш,

Аз хайру аз сахояш.

Шеъру тарона хонем,

Дар васфу дар санояш.

Мо дўстдори ўем,

Шукргузори ўем.

Мо зодагони нурем,

Хидматгузори ўем.


РУЗИ НУР МУБОРАК!!!
ЗИНДАЕМ

Мо ба нону мо ба номат зиндаем,

Мо ба фармону каломат зиндаем.

Ҳастии мо заррае аз нури туст,

Мо ба иршоду паёмат зиндаем.

Дидаҳо рўшан зи дидорат шуда,

Ақлҳо ҷўёи асрорат шуда,

Ҷонҳо таслими гуфторат шуда,

Мо барои эҳтиромат зиндаем.

Дар миёни сарфарозон сарфароз,

Мо ба ту нозем, ки ҳастӣ бениёз,

Чашми моро сўи фардо карда боз,

Сабзасон дар зери гомат зиндаем.

Зиндаему матлаби мо зинда аст,

Раҳнамои мазҳаби мо зинда аст.

Зиндагӣ дар мактаби мо зинда аст,

Бо баландии мақомат зиндаем.

Баррўшон, 1995


МАДАД

Гуфто падар маро, ки ба ҳангоми субҳадам,

Бар рӯзи нав салом бигӯ , Ё Алӣ мадад!

Тири аҷал ба ҷони ту ояд чу рӯ ба рӯ

Дар зери лаб калом бигӯ , Ё Алӣ мадад!

Зеро Алӣ шафоати мо назди Довар аст,

Номаш ба эҳтиром бигӯ, Ё Алӣ мадад!

Дар тоқу дар равоқи фалак сабт номи ӯст,

Қойим ту бар мақом бигӯ, Ё Алӣ мадад!

Он рӯзи растахез, ки рӯзи қиёмат аст,

Бар пухта то ба хом бигӯ, Ё Алӣ мадад!

Гӯянд аз само ба ҷавоби салоти ту,

Номаш ба хосу омм бигӯ, Ё Алӣ мадад!

Гар хотират гирифтаву ошуфта аст димоғ,

Дар Чинӣ ё ба Шом бигӯ, Ё Алӣ мадад!

Дар зикр бош ба номи Худову Расули Ӯ,

Аимма  ном ба ном бигӯ  Ё Алӣ мадад!

Андар намози хеш ба такрор субҳу шом,

Бар итраташ паём бигӯ, Ё Алӣ мадад!

Бар моли хеш ғарра машав, худсарӣ макун,

Шукраш ту субҳу шом бигӯ, Ё Алӣ мадад!

                         Баррӯшон, 1995


Ормони шоир

Хандаҳоям гиряолуданд бо ёди ватан,

Оҳҳоям пур зи дуданд дар ғамободи ватан.

Нохалаф, фарзандҳоят тирадилҳои замон,

Устухонамро бисуданд, дода бар боди ватан.

Дафтари шеъри маро афганда андар зери по,

Мурғи дил садпора шуд аз тири сайёди ватан.

Чашмаҳо сар медиҳам аз дидаи гирёни хеш,

Бошадо, то об ояд бар гулободи ватан.

Гар насӯзад тухми кину нашъа дар ин хонадон,

Хавф дорам барканад як рӯз бунёди ватан.

То насозем парчами номус насби боми нафс,

Банда гардад ҷумлагӣ мардони озоди ватан.

Чодари ғафлат барандоз, хез аз хоби гарон,

Занг хурда тешаи кӯҳканди Фарҳоди ватан.

Вақти он аст, то ба пои худ равон гардем мо,

Варна гардад баста он бахти худододи ватан.

Инқилобе боядо дар оштии ақлу дин,

Хулқи мазҳаб мерасад рузе ба имдоди ватан.

Ҷону дил созам фидои нури пури Муртазо,

Он ки мегуфт-Хонаобод, Хонаободи Ватан.

Ормон дар дил намонад заррае Сардорро,

Гар расад рузе,ки бинам чеҳраи шоди ватан.

Рӯшон,  1995


Дарси маърифат

Ҷоно, дар ин саро ба тамошо наёмадӣ,

Дар ҷилва бош, баҳри таманно наёмадӣ,

Мисли садаф зи бистари дарё наёмадӣ, ,

Аз рози худ магў, ки ба ифшо наёмадӣ,

Ҳушёр бош ба хотири  дунё наёмадӣ.

Донӣ туро ватан бувад болотар аз само,

Чархи фалак ба хидмати ту карда ибтидо,

Хони замин ба хотири ту гашта пурсахо,

Нури Худо ба равзани дил гашта муҷалло,

Мафрўш нангу ном, ба савдо наёмадӣ.

Имрўз рўзи фасли каҳу дона омадаст,

Рўзи гузини хеш зи бегона омадаст,

Ҳам имтиҳони шўълаву парвона омадаст,

Ҷонро хумору майли он остона омадаст,

Тўша бигир, ки ҷовидон ин ҷо наёмадӣ.

Такмили рўҳи мо бувад асрори ин ҷаҳон,

Фурсат ғанимат аст  сабақро накў бихон,

Қуръон китоби Ўст ва Одам ва ин Ҷаҳон,

Ин се китоби Ўст бихону накӯ бидон,

Мисли сутур чаро ту ба саҳро наёмадӣ

Рӯшон. 1997


ҲАМЕДОНЇ

Афсона магў бар ман, афсонаи рўњонї,

Дар сина намеѓунљад ин ќиссаи тўлонї.

Мурѓи малакутиям, аз боѓи Ирам мардуд,

Ќутам хама таъвил аст, аз ояти Қуръонї.

Зоњир чу шавад ботин, маънї бишавад ботил,

Уфтода басо мушкил дар зоти мусалмонї.

Ҷонташнаи обам ман аз чашмаи руҳонї,

Ту май чї хурониям аз соѓари шайтонї.

Дарки сиру асрораш аз ваҳму хаёл берун,

Бораш натавон бурдан бо маркаби аќлонї.

Дар ойинаи раҳмат, моро бинамой бар мо,

Эй,он ки ту раҳ дорї бар даргањи субҳонї.

Пайдо бикунад инсон гумкардаи аќли хеш,

Аз роҳи карам, ё раб, нуре чу барафшонї.

Ман бандаи он шоҳам, к-ў соҳиби фармон аст,

Ҷонам ба фидои ўст, дар суннати ќурбонї.

Олам набувад орї, аз зоти ту ё Мавло,

Имрўз чи даъвоњост, боќї ту хамедонї.

Аз роњи хирад Сардор, ёбї ҳадафи Дидор,

Ў соҳиби фармон аст,ту бандаи фармонї.

                                 Рўшон, 1997


САВОЛЕ БА ХУД

Гар зодаи он олами улвии бақоем,

Пас ҷурм чи кардем, ки маҳкуми ҷазоем?

Аз баҳри чи мо муслиму тарсову будоем?

Маҷмуи саволему саропо муаммоем,

       

          Муште ба сари сина занем, -Мо зи Худоем,

          Эй, бори Худо, лутф намо, то ба худ оем!

Бар аҳли башар лаҳзаяке рух нанамуда,

Дар пардаи асрори ту кас  раҳ накушуда,

Як зарра зи анвори ту хуршед нарабуда,

На кас ба сифоти ту яке ҳарф фузуда,

         

           Муште ба сари сина занем, -Мо зи Худоем,

           Эй, бори Худо, лутф намо, то ба худ оем!

Дар зоти ту ҷуз зоти туро роҳ набошад,

Мақсуди туро ғайри ту огоҳ набошад,

Дар хилқати олам чу ту тарроҳ набошад,

Гоҳе, ки бувад бе ту маро гоҳ, набошад,

          

             Муште ба сари сина занем, -Мо зи худоем,

             Эй, бори худо, лутф намо, то ба худ оем!

Гар ақл расули аввал аст дар тани инсон,

Дар бистари ғафлат зи чием хуфтаву ҳайрон?

Пас шир чаро мемакем аз синаи шайтон?

Ҳам оқили фарзонаву ҳам ҷоҳилу нодон,

        

         Муште ба сари сина занем, -Мо зи Худоем,

         Эй, бори Худо, лутф намо, то ба худ оем!

Аз ваҳму хаёл бофтаем  тури шариат,

Воруна фитодаем ба тандури фариқат,

Ҳар чанд задем по, нашудем ҷури тариқат,

Бо дидаи во мондаем кури ҳақиқат,

      

          Муште ба сари сина занем, -Мо зи Худоем,

          Эй, бори Худо, лутф намо, то ба худ оем!

Мақсуд агар аз хилқати мо буда итоат.

ҶУз ту ба Ҷаҳон нест на маъбуду ибодат,

Аз даргаҳи бегона чи ҷуем саодат,

То чанд ба навъе зи худӣ саҷдаву тоат?

       

           Муште ба сари сина занем, -Мо зи Худоем,

           Эй, бори Худо, лутф намо, то ба худ оем!

Аз кавну макони ту нашуд воқифи асрор,

На Ҳофизи Шерозиву на Румиву Аттор,

Ҳар чанд ба васфи ту заданд силсила ашъор,

Таслими ризои ту шуда бесару Сардор,

          Муште ба сари сина занем, -Мо зи Худоем,

          Эй, бори Худо, лутф намо, то ба худ оем!

Рушон,  1997


ҲУМО

Эй он, ки шабу руз талабгори Худоӣ

Бар хулқи Худо чанг бизан, то ба худ оӣ,

Аз одати бад оинаи дил бизудоӣ, 

Дурдонасифат аз садафи сина бароӣ. 

То кай дили ту волаи як  ҷоми шароб аст,

Нафси ту асиру бандаи бӯйи кабоб аст?

Коми дилу шаҳват ҳамагӣ доми сароб аст,

Эй, мурғи дил аз арш ба поён нафароӣ. 

Он давлати бедор, ки Ҳофиз зи ғамаш сӯхт,

Румӣ шуда Шамсу қаламаш аз шарар афрухт,

Носир ба гадоӣ зи дараш маърифат омӯхт,

Дар олами маънӣ набувад айб гадоӣ.

Фармони ту бар гуши дилам ҳалқа намоям,

Аз доираи ҳукми ту берун набароям.

Рӯи ту бувад қиблаву ман дасти дуъоям,

Дар олами ҷонам бувадо рух бинамоӣ. .

Густурда бадахшӣ дилу ҷонро тайи поят,

Як ҷон чи бувад, ҷони ҳазорон ба фидоят,

Ин хона мунаввар шуда аз нуру зиёят,

Эй, нури Худо  бар сари мо  боли ҳумоӣ

Аз хеш панаҳ ҷӯяму рӯ  сӯйи  ту орам,

Ҷуз ишқи ту дар сина яке дона накорам,

Аз кайфари айёми ҷазо бим надорам,

Ту молики фарзонаи ин ҳар ду сароӣ. .

Бо риштаи байъат ба ту паймона бубастам,

Аз шавқи  тамошои рухат масту аластам,

Сардори сарафкандаи даргоҳи ту ҳастам,

Дар  ҳар ду сарой нест маро аз ту ҷудоӣ. .

                                      Лондон, 1998


Қиссаи иблис

Одам ба сайру гашт буд дар регзори соҳил

Иблис  наздаш омад истода дар муқобил.

Он гоҳ  ба гуши одам гуфто рифоҳи ту ку,

Дар рузи ранҷу сахтӣ пушту паноҳи ту ку?

Бигрифт дасти уро пас бурд ба регзораш

Гуфто наку назар кун бар кирдугору кораш.

Ин аст пайи пойи ту, он иззи  пойи худост

Ҳар ҷост реги сузон пайпойи туст танҳост.

Ҳар ҷост хавфу хатар, танҳо туро гузошта

Беҳтар бувад аз ин пас бошӣ маро гумошта…

Дар шаку шубҳа уфтод Одам зи ҳарфи шайтон

Дар мавриди Худованд дар дил фитодаш гумон.

Гуфто ба дил,  надорам бар  У дигар ниёзе

На шукру на бандагӣ, на саҷдаву намозе.

Аз дил кашид оҳе, бо кори хеш шуд банд

Моҳе гузашт нарфт у бар даргаҳи Худованд.

Парвардигори олам ҳайрони  кори у шуд

Омад хабар гирифташ пурсони бори у шуд.

Андар ҳузури борӣ Одам намуд шикоят

Аз қилу қоли иблис бар у намуд ҳикоят…

Он гаҳ  дубора рафтанд бар регзори соҳил

То пайи пойи худро санҷиду гашт қойил.

Ин ҳаст нақши пойам он ҳаст нақши пойат

Ҳастӣ ту дар паноҳам, ман муънисам бароят.

Ҳар ҷо, ки пурхатар буд, будӣ ту руи дастам

Аз раги гарданат ҳам наздиктари ту ҳастам… 

Султон Ишкошим,  1998


Мунољот

(Дар рўзи Дидор)

Дар кори дину дунйо,

Љонам фидои Мавло.

Њар зарби дил ба сина,

Бошад ризои Мавло.

Њар оќиле  ба тањќиќ,

Шуд мубталои Мавло.

Имрўз зинда њастам,

Ман аз сахои Мавло.

Бо гўши љон ниюшам,

Амру  салои Мавло.

Бар боргоњи Борї,

Љуз таманнои Мавло.

Кай мустаљоб гардад,

Ѓайр аз дуъои Мавло.

Њарфе ба лаб наронам,

Ѓайр аз санои Мавло.

Љон назри Њаќ намоям,

Ман аз барои Мавло.

Њарфи Худо шиносам,

Ман аз садои Мавло.

Кай хољае  парастам,

Љуз аз Худои Мавло.

Бар саљда мефурорам,

Сар зери пои Мавло.

Эй дил муборакат бод,

Њарфи давои Мавло.

Рўшон равшан шуда,

Боз аз зиёи Мавло.

Сардор нўши љонат,

Оби шифои Мавло.

Султон-Ишкошим, сентябр — 1998


ТАЪРИХИ МУХТАСАРИ МО

Мири афғон расид мулки Бадахшон бигирифт

Маразу  бепадарӣ, нашъаву ҳам банг овард.

Ҳиндуи боҳунаре, булбули масти чамане

Аз раҳи дур расид чағонаву чанг овард.

Носири Хусравӣ аз даргаҳи Мавлои замон,

Донишу илму хирад, ҳам шарафу нанг овард.

Манғит омад ҳамаро хор намуд, зор намуд

Бар сари мардуми оддӣ шарару ҷанг овард.

Даст бар кисаи мардум бизад он тангназар

Мисли чашмони худаш қавсаи мо танг овард.

Қирғиз аз талу биёбони яхин, аз ҷаҳаннам

Чи балоҳо ба сари мардуми Бартанг овард.

Урус омад зи раҳи дур ба шайпуру ливо,

Сари мардони муллоро ба сари санг овард.

Ҳуррият гуфт ба куҳистон раҳи обод кушод

Арақ оварду сигору майи хушранг овард.

…Охируламр,   аҷаб дода Худо  озодӣ

Нури имон аз он қандили садранг овард.

Дар дили хастаи мо ғунчаи умед шукуфт

Даври ақлу хираду донишу фарҳанг овард.

                    Рушон, 2005


Носири Хусрав

Ман марди худогоҳам маҳбус ба Юмгонам

Ҳуҷҷати Хуросонам ҳам пири Бадахшонам.

Дидори варо дидам асрори варо дидам

Дар дидаи зоњирбин осии биёбонам.

Он турки биёбонро хармўҳраву гавҳар чист?

Ман гавҳари ноёбам  ҳамдудаи Сомонам.

Он дурри дарї ҳастам аз мадҳ барї њастам

 Ман  лаъли Бадахшонам аз синаи Ғоронам.

Чизе ки ту медонї, онро ҳама медонанд

Онро ки намедонї,  ман хонаму  медонам.

Дунё набувад орї як дам зи Имоми ваќт

Бе раҳбари рўњонї зинда набувад ҷонам.

Он Ҳуҷҷати дин ҳастам тобанда нигин њастам

Дар олами нуронї султони Хуросонам.

                                            Ќубодиён,  2006.