Саъдоншоҳ Улфатӣ

Ай олами дил туро санохон,

Равшан ду ҷаҳон зи нури  имон.

Як ғамзаи  ту ду оламе  кард,

Бартар зи ҳазор фаҳми  инсон.

Одам, ки зи  хоки  маънӣ омад,

Охир, ки  ба хок рафта  ҳайрон.

Ҷуз зоти  ту боқӣ ба  ҷаҳон кист,

Ҳайи ту фақат ба  вақту даврон .

Поко ту Худои  бениёзи,

Ҷуз ту набувад Худои субҳон .

Ман саҷда фақат туро намоям,

Ғайрат набувад Худое Яздон .

Бе  хости ту рузе кай шавад шаб,

Бе изни ту кай дайе  баҳорон.

Аз қудрати ту фалак бидидам,

Бе пойи сутун намуда ҷавлон.

Моро набувад мадори васфат,

Афзун ту ба ҳақ зи фаҳми моён .

Навмед  наем зи раҳматат ҳеҷ.

Ҳарчанд зи сар ба пойем исён .

Аз раҳмати худ суи Саъдоншоҳ

Бинмо ба назар ба лутфи эҳсон.


Ай Кирдигори кибриё, ай мазҳари сирри Худо,

Ай махзани субҳи сафо, ай олами нури зиё.

Амре  зи ҳақ омад ба мо, бар одаму африштаҳо,

Гуед салому сад  дуруд бар оли поки Мустафо!

Олам аз ин тасбеҳ ба пост, ҳастии ин дунё ба ҷост,

Равшан аз он арзу самост, оромии дилҳои мост.

Ҳар кас ба дини Мустафост, чун бандаи хоси Худост ,

Гуед салому сад дуруд бар  оли поки Мустафо!

Хоҳӣ, ки монӣ дар амон, аз фитнаи охирзамон,

Дур аз балои ногаҳон, хуш дар ҳаёти ҷовидон.

Хоҳӣ, ки бинӣ ҳар замон, дидори он Шоҳи ҷаҳон

Гуед салому сад дуруд бар оли поки Мустафо!

Ай Эзиди донои мо, в- ай раҳбару Мавлои мо ,

Аз раҳматат бинмо назар, бар мою Саъдоншоҳи мо,

Оли набиро ҳар замон, чун роҳбари Волои мо,

Гуед салому сад дуруд бар оли поки Мустафо!


Зи Ҳақ бар мо нишон Ҳозиримом аст.

Ки динро шаъну  шон  Ҳозиримом аст.

Бигу бар мо ба ҷуз у додрас кист,

Маро беҳтар зи ҷон Ҳозиримом аст.


Алии замонам Имоми Замонам

Ниҳону аёнам  Имоми  Замонам

Васии  Набиам аз оли Алиям

Карими ҷаҳонам Имоми Замонам

Модари заминам, чу арши баринам

Фузуни баёнам  Имоми Замонам

Ба васфи он шоҳам, гуфт Саъдоншоҳам,

Буруни гумонам  Имоми Замонам


Зи  оли  Мустафо Мавлои  Вақт  аст,

Ба  мо  сулҳу  сафо  Мавлои  Вақт  аст.

Паёми ваҳдати мардум  ҳамеша,

Имоми раҳнамо Мавлои  Вақт  аст.


Он  шаҳи раҳи яқин кист, ҷуз Хозиримом.

Раҳбари дунёю дин кист, ҷуз Хозиримом.

Пури Батул дар  замон, оли Али  бегумон,

Нури Набии амин кист, ҷуз  Хозиримом.

Хоса  ба  суи  Худо аз назари  ақл  бин,

Ҳуҷҷати Ҳақ  дар  замин кист, ҷуз  Хозиримом.

Он  ки  Худоям нишон, дар  дили Қуръон намуд.

Яъне  Имоми мубин, кист чуз Ҳозиримом,

Он  ки  зи у ҳар нафас, ҳастии дунё ба пост,

Пас сабаби одамин кист,  чуз  Ҳозиримом.

Он, ки дуруди Худо бар ваю аҷдоди  уст,

Пас раҳматилоламин кист,  ҷуз  Ҳозиримом.

Зуряи поке ба  базъ оли Халили  Худо,

Аз  ҳама  кас  беҳтарин кист, ҷуз  Хозиримом ,

Баҳри  Саъдоншоҳ ҳаме  дар ду ҷаҳон меҳрубон

Додраси  аввалин  кист,  ҷуз  Хозиримом.


Сафои  коинот ишқи Алӣ  шуд,

Маро  айшу  нишот   ишқи  Алӣ  шуд.

Ба  номи  поки  Мавлоям  бимирам,

Ки  ҳали мушкилот  ишқи  Алӣ шуд.


Ай  зода дар  макони  сафо  Муртазо Алӣ,

Он Каъбаи шарифи  Худо Муртазо  Алӣ.

Шаҳзодаи ҷаҳони вафо  Муртазо Алӣ,

Султони  мулки  фазлу сафо  Муртазо  Алӣ,

Баъд аз Муҳаммад раҳбари  мо Муртазо  Алӣ.

Модар варо ба хонаи Каъба  чу  зода  буд,

Номи  Алӣ расули Худоям ниҳода  буд.

Он  дам  ки  соли  у ба даҳу  як  расида  буд.

Вайро  расул ба  ҳайси васӣ ном  дода  буд,

Ихвони Шоҳи Нуру зиё Муртазо  Алӣ.

Монанди у ба  суи  набӣ кас набудааст,

Ғайри Алӣ  ба  ҷои  набӣ кас нахуфтааст .

Андар  рукуъ валӣ чӣ сахоҳо  намудааст,

Он  дам, ки дар зи Қалъаи  Хайбар  кушодааст,

Ҳайрат намуда, арзу само Муртазо Алӣ.

Ай ҳодии ягонаи Мавлои Муъминон,

Ночор ба суи адли Ту ҳастанд ҳама ҷаҳон,

Оли Ту  ҳаст раҳбари  динам  ба ҳар  замон,

Васфат  фузун зи  фикру фаҳму гуфтаю баён,

Болотари зи гуфтаи мо Муртазо Алӣ!     


Муҳаммад сарвари динам аминам,

Муҳаммад раҳбари дунёву динам.

Фидои  хоки  роҳаш мешавам  ман,

Агар дар рузи ҳашр нураш бубинам.  


     Ай ҳашматат  ба  ман ба  мисоли  Муҳаммад  аст,

     Зеро ки нури шони Ту аз  ҷони Аҳмад  аст.

     Ҳамди фузун ба ҳазрати Ҳақ мекунам  мудом,

     Ҳастии  Ту ба  назди  башар фазли Эзад  аст.

                                                          Покии Ту ба ояти ‘Татхир’ собит аст,                                                        

     Бешак Қуръон зи  вайҳи Худованди аршад аст.

     Ку дигаре, ки насси набию Алӣ  ба уст,

     Вориси  чатри оли абоҳам дар ин ҳадд  аст .

     Ай вориси Пайёмбари  мо дар Ғадири Хум ,

     Мавлои ман ба айни замон  ёди  он аҳд аст.

     Дасти  ман асту  ҳабли Худованди зулҷалол ,

     Дар  ҳар  замона нури  набиро валиҳад  аст .

     Сохибзамон ба ҷуду сахоят сипоси мо,

     К-афзунтар аз шумору ҳисобу ҳам аз ҳад аст,

     Ай Ҳазрати Имоми Мубини Замони мо,

     Моро бас аст, ки Ахмади Мурсал туро ҷадд  аст.


  Ба ҷону дил раҳи  Шоҳи Замон рав,

Ба суи Шаҳи ақлу илму ҷон рав.

Агар хоҳӣ бақо андар ду олам,

Фидои Ҳазрати  Соҳибзамон шав.


                Роҳбари Муъминон Имоми Замон,

                Шаҳи охирзамон Имоми  Замон.

                Ёдгори  набӣ ба даври  абад,

                Сарвари  хонадон Имоми  Замон .

                Сари  Эзид ба руи олами  мо,

                Аз  Худоям айён Имоми  Замон.

                Равшании ҷаҳон  аз  партави  туст,

                Нури каррубиён Имоми  Замон.

                Васфи султони дину оламро,

               Натавонам  баён Имоми  Замон.

               Назаре  кун  ба  суи  Саъдоншо,

               Раҳматат бекарон Имоми  Замон.


 Ай  ҷону дил фидои Имоми Замони мо,

Ҷуз у пано ки дод, зи  ғам хонумони  мо.

Ай дил бирав пайрави оли набӣ бишав,

                Озода бегумон бишавӣ дар ҷаҳони мо.


Суи  Помир хайра мақдам, нури Мавлоно Карим,

Сарвари дин, соҳиби дам, нури Мавлоно Карим.

Нури илмат дар хиҷил бинмуда моҳу  коинот,

Дастгири аҳли олам, нури  Мавлоно Карим.

Ай  хушо ҷони наве додӣ Бадахшони маро,

Вораҳонидӣ зи мотам, нури  Мавлоно Карим.

Сояи  дасти муборак, ядуллоҳи зулҷалол,

Ҳеҷ мабодо аз сарам кам, нури Мавлоно Карим .

Огаҳӣ бешак зи оҳи ошиқи дидори худ,

Барканӣ ҳар зулмату ғам, нури  Мавлоно Карим.

Хуш дар он лаҳза, ки дидори айёни ту кунам,

Дар қадамҳоят бимирам, нури  Мавлоно Карим.

Чанбари дунёи гардон аз суҷуди нури  туст,

Заррае ҳамдам накардам нури Мавлоно Карим.

Хоки раҳу аз ғуломони ту  ҳастем, ё Имом,

Балки  Саъдоншоҳ аз он кам, нури Мавлоно Карим.


            Аминию ҳалими чун набиям,

               Шуҷоат бо саховат чун  Алиям.

                Назар бар ‘Иннамо’ карда  бидодам,

                Кунун Мавло Карим ҳастӣ  валиям.


               Навбаҳори равзаи дорулбақо,

               Нури  руи ҳуриёни маҳлиқо.

               Зикру вирди ошиқони босафо,

               Ё Алӣ, Мавло Алӣ, Мавло мадад.

              Эй  китоби нотиқу сирри Худо ,

              Ай Карими корсоз, нури Худо.

              Шиъати ту менамояд ин садо,

              Ё Алӣ, Мавло Алӣ, Мавло мадад.

             Кумакам бинмо Имому Шоҳи дин,

             Молики  мо соҳиби арши барин.

             Гуфти Саъдоншоҳ ба вақти охирин,

             Ё Алӣ, Мавло Алӣ, Мавло мадад!


              Ҳазорон ҳамду наъти бори Субҳон ,

              Ба дунё овардиам чун мусалмон.

              Ба неъматҳои дигар шукри  беҳад,

              Расули Мустафо бо олу Қуръон.


Солҳо аст  ба мо раҳбару Мавло  шудаӣ ,

Ба  ҷамоат ба  ҷаҳон ҳомии якто  шудаӣ,

Ба саховат ба  замон  ҷой  ба дилҳо  шудаӣ,

Соҳиби  тоҷи Имомат фарри  аъло шудаӣ,

Ҷон  фидои ту кунем нури дили мо  шудаӣ.

Насиби зоти  ту бар оли Пайёмбар  бирасад,

Нур  ба  номи  дигар  то  аҳди Ҳайдар бирасад,

Шараёни ту ба  он  моми мутаххар бирасад,

Шаҷари боғи  ту  бар Шабиру Шабар  бирасад,

Ба чунин аслу насаб Ҳазрати Воло шудаӣ!

Риштаи байъати ту ёд диҳад рузи Ғадир,

Амр  дарёфта Муҳаммад зи Худованди хабир ,

Ки набии дигаре  нест ба дин ғайри Башир,

Насс бар олу ба Алӣ карда расули беназир ,

Ман бинозам, ки Ту таъин зи  Боло шудаӣ.

Ин  ҳамон даст, ки  паймони Муҳаммад будаст,

Бар рухат  хандазанон партави Аҳад будаст,

Кони илму ҳунару ҷаҳди ту аз  аҳд  будаст,

Бениёз аз  ҳама  кас Ҳуҷҷат-ус-Самад будаст,

Ба ишорат ба масал «Ёсину Тоҳо» шудаӣ.

Ҳикмати  маснади Ту мебарадам дини қадим,

Ба  либосе ба ҷаҳон омада он зоти алим,

Ин ҳамон  аст ба Одам ба Халилу ба Калим,

Ба Масеҳою Муҳаммад буда  ин  нури Карим .

Ба ҷамоат ба  шафоъат баҳри  уқбо шудаӣ!

Чашм  ба роҳи ту мо мунтазири дидорем,

Гарди роҳи ту ҳаме болои мижгон орем,

Чу Саъдоншоҳ ба мадҳат булбули хушгуфторем,

Мо умеде ба ту аз авфи гуноҳмон дорем,

З-он ки бар назди башар раҳмати Аллоҳ шудаӣ!


 Худованди Карим баъд аз нубувват,

Зи  оли Мустафо овард Имомат.

Паямбар бо ҳама фарзанди покаш,

Шафоъатхоҳи моянд дар киёмат. 


Хотамнабии Эзиди субҳон Муҳаммад  аст.

Зеби биҳишту  гавҳари  имон  Муҳаммад  аст,

Салли ало Мухаммаду оли Муҳаммадин,

Салвоту ҳамди ҳазрати Яздон Муҳаммад  аст.

Ҷабрил дар риқоби у ҳангоми лайлӣ кард ,

Маснаднишини равзаи ризвон Муҳаммад аст.

Ганҷе, ки баҳри уммати Ислом ниҳодааст,

Қуръону итрате, ки аз они Муҳаммад  аст.

Собити илми вақт барои  башар шудаст,

Комилтарин халқ  зи инсон Муҳаммад аст.

Пурси  зи дастгири Саъдоншоҳ ба вақти ҳашр,

Имони комилам, ки яқин он Муҳаммад аст!


  Ҳазорон ҳамд ба наъти Бори Субҳон ,

Ба  дунё оваридам чун мусалмон.

Ба неъматҳои  дигар шукри беҳад,

Расули  Мустафо обо олу Қуръон.


Партави  нури ҷамолаш  ба ҳама олам шуд,

Ваҳ, чи хуш  оташи ишқ дар ҳарами дил зам шуд.

Боз  ҳама  қиссаи дерина  зи нав эҳё шуд,

Ҳар ки  байъат бинамуд бин, ки  басо  хуррам шуд .

Ҷумла афришта саломҳою дурудаш  бидиҳанд ,

З-он ки аз суи  Худо ояду ҳам маҳкам  шуд.

Осмонҳо  ҳама  бар суи замин менигаранд,

Комилу ашрафи халқ то зи  бани  Одам шуд.

Насли Абулбашару нури Муҳаммад ва Халил,

Ҳусни  Юсуф ба замон то чу Масеҳодам  шуд .

Ҳастии аҳли башар аз  ҳадиси *лавҳалат*  аст ,

Ин  як асрор фақат баҳри маҳрам шуд.

Рузи мавлуди Шаҳи  дину  замонам  табрик,

Бас ҳумоюн ба ҳама иди наку ин дам  шуд.

Гаштам  озод чу шаҳ аз ҳама ғамҳои ҷаҳон,

То  Саъдоншоҳ зи ҳама  хоки раҳи у кам шуд .


       Худоё ғайри Аллоҳи Алим  кист?

       Расуле чун Мухаммад бас ҳаким  кист?

       Ба маъно ояти* Ёсин* ба имруз,

       Имоми  ошкор ҷуз  Шоҳкарим  кист?


Ай мақдамат ба дидаи мо ҷо, хуш омадӣ,

Соҳибзамон  ба минбари  дунё,  хуш  омадӣ .

Ҳаҷри ту бас гарон, биё тоқатам намонд ,

Армони қалби ошиқи  шайдо, хуш  омадӣ.

Ай  оли  Мустафову Алиам ба вақти мо,

Ёде ба мо  зи  Ҳазрати  Заҳро, хуш  омадӣ.

Мақсуди ман  зи ҷаннату  ту бо  ҷамоли  туст,

Дар  айни вақт соҳиби уқбо, хуш  омадӣ,

Ку дигаре, ки соҳиби нури вилоят аст,

Моро нишонаи  Рабби  Аъло, хуш омадӣ.

Кулли  шайъин фи нури Имоми мубин,  яқин.

Дар нури  туст  ҷумлаи  ашё, хуш омадӣ.

Ай  дар шигифт ба ҷуд намуда  ту оламе

Хизри  замона Ҳотами якто  хуш омадӣ,

Саъдоншоҳ чу абде ба Шоҳи Замон яқин,

Дар ҳар ду кавн Ҳазрати Воло, хуш омадӣ!


Ай он, ки зи сирри дили  мо огоҳӣ,

Саттор ба ҳар гунаҳу ҷурми моӣ.

Ман  ҷуди Туро ҳисоб натвонам кард,

Бар  фаҳми заифонаи мо доноӣ.


Тумори ишқи Ту чу нигаҳбони мо шавад

Суи дигар равад ба яқин тире аз қазо.

Дасти муборакат- агарам соябон шавад

Дур афканад зи манзари мо ғуссаву бало.

Дилсузу меҳрубоне ба руи ҷаҳон яке

Оё бувад ба ғайри Ту  дигар касе ба мо?!

Дунёи руҳ ба нур шавад то зи  мақдамат

Ҳаргаҳ, ки чу Юсуф бинамоӣ ба мо лиқо.

Покии Ту ба ояти  “Татҳир”-у  “Ёсин” аст

Монанди ҷадди хеш Туӣ Шоҳи бовафо. 

Аз ояҳои  сураи Фатҳ байъати Ғадир


Бар даргаҳи Худои ҷаҳон зора мекунам:

Ғоиб мабод суратат аз дидагони мо!

Моро ба имтиҳони замона мадеҳ қарор

Аз хокзодагони башар кай расад вафо?!

Саъдоншоҳ  ба хоки раҳат саҷда мекунад

Тавфиқ  деҳ-ш дар амалу дур аз риё!


Вакте, ки мегуям Алӣ, коми дилам тар мешавад,

Он мазҳари Нури Худо, Насси Паёмбар мешавад.

Вакте,ки мегуям Алӣ, бӯи Муҳаммад мерасад,

Яди Худо андар Ғадир болои минбар мешавад.

Вакте,ки мегуям Алӣ, Нури Мубини «Ёсин» аст,

Андар намозаш босахо Шоҳи диловар мешавад.

Вакте,ки мегуям Алӣ, андар ҳадиси «Лофато»,

То дар рикобаш Ҷабрил аз суӣ Хайбар мешавад.

Вакте,ки мегуям Алӣ, яъне Валии муъминон,

Бо «Иннамо» чун ояти Аллоҳи  Акбар мешавад.

Аз Бани Ҳошим ғайри Ӯ,дар синни ёздаҳсола гуй,

Суи Набӣ оё дигар ёре муқаррар мешавад?!

Вакте, ки мегуям Алӣ, нафси У аз Пайғамбар  аст,

Бо Мустафо моро гувоҳ дар Ҳавзи Кавсар мешавад.

Васфи Ӯ чун Хайрулваро, Инсони комил назди Мо,

Иршоди  » Татҳир»-и Худо, моро чу раҳбар мешавад.

Лоиқи завҷи Ӯ Битул-Шаҳдухтари поки Расул,

Бо Шабиру Шабар ба мо дар рузи маҳшар мешавад,

Вакте,ки мегуям Алӣ, ҳар як Имоми Ошикор,

Аз зуряи покаш яқин бо номи дигар мешавад.

Вакте,ки мегуям Алӣ, Мавло Карим Соҳибзамон,

Бо Нуру лутфи беҳадаш, дилро мунаввар мешавад.

Бо Зулфиқори илми хеш Мавлои вақтам ғолиб аст,

Андар рикоби илми У, Дунё саросар мешавад.

Хоҳем агар инсон зием, бо амру бофармон зием,

Ҳар кас,ки бофармон зияд, шоҳи баҳру бар мешавад.

Вакте,ки мегуям Алӣ, Мавло Алӣ бинмо мадад,

Тавфиқи дигар то ба мо аз нав муяссар мешавад.

Вакте, ки мегуям Алӣ, бар ман мадад кун ё Имом,

То шеъри Саьдоншоҳ яке бар руи дафтар мешавад!

                                                                        (21.09.2017)


Қуръони нотиқӣ — Оли Муҳаммад,

Амину содиқӣ — Оли Муҳаммад.

Дар ин даврон ба мислат дигаре ку?!

Ту Нур аз холиқӣ — Оли Муҳаммад.

Ба Ҳукми Ояи ‘Татҳир’-и Эзад,

Ту поку вофиқӣ Оли Муҳаммад.

Ба «явма наъдау» моро чӣ бок аст?!

Ба шафқат шофиқӣ — Оли Муҳаммад.

Ба мисли Ҷадду Бобат дар раҳи Дин,

Ба Маснад лоиқӣ — Оли Муҳаммад.

Дар ин Дунё чу Хизрӣ-Раҳбари мо,

Ки моро розиқӣ — Оли Муҳаммад.

Ба моӣ Додрас дар тангдастӣ,

Расида бориқӣ — Оли Муҳаммад.

Куҷо васфи Ту битвонад Саъдоншоҳ,

Ба Нурат ошиқе — Оли Муҳаммад!

                                       (18.11. 2017)


Мухаммас бар ғазали Сангмуҳаммади Ҷаъфарӣ.

Ишқаш даруни дидаву дил ошёна кард,

Ҳастии мо ба меҳри нигаҳ бенишона кард,

Моро Худо ба бандагияш омирона кард,

«Нуре, ки баъди Нур зуҳури замона кард,

Равшан чароғи маҳфили мо ҷовидона кард».

Меҳраш ба дил, ба мо-чу ибодат ҳуҷаста бод,

Ҷонҳо нисори амру итоат, ҳуҷаста бод,

Бар мо ҳамеша файзи Имомат, ҳуҷаста бод,

«Ҳаштоду як соли вилодат ҳуҷаста бод,

К-Ӯро фидои аҳли башар бебаҳона кард «.

Нури Худову руҳи Набӣ дар равони Ӯ,

Оли Расулу файзи Алӣ бо нишони Ӯ,

Моем сар фиканда бари остони Ӯ,

«Гуфта Худо» Сироҷ-ум-мунир»-ро ба шони Ӯ,

Ӯ рушанӣ зи суӣ Худо ворисона кард «».

Аҳли Ҷаҳон зи ҷудду сахо гашта моилаш,

Аҳли башар ба раҳмату фазл гашта шомилаш,

Амраш сафинае, ки расем то ба соҳилаш,

«Қуръон Варо «Имоми Мубин «-гуфта дар дилаш,

Меҳраш даруни қалбӣ мурид ошиқона кард».

Рузе, ки карда неъмати худро — Худо тамом,

Ислом чу Дини комили Ҳақ гашта бардавом,

Дар мансаби Имоми Замон ибн-ул он Имом,

«Татҳир гувоҳи Покии Ӯ медиҳад мудом,»,

» Мин айматил атҳор» — Варо дар замона буд».

Маснаднишини тахти Бироҳим ба асри худ,

Устоди Руҳву Нури таъолим ба асри худ,

Моро Имоми Вақту муаллим ба асри худ,

«Надъу кулли уносим би имомим » ба асри худ,

Дар Сурат-ул «Исро» — Худо — ш холисона кард «.

Нураш ба дил чу шамсу қамар метавон биёфт,

Бо чашми дил нигоҳи басар метавон биёфт,

Мислаш куҷо зи суӣ башар метавон биёфт,

» Садҳо ҳазор далели дигар метавон биёфт,

Зеро Худо сифоти Варо орифона кард «.

Қуръон сиботи зоти Варо кард,ман киям?!

Маъсуму Пок — ҳаёти Варо кард, ман киям?!

Насси Набӣ ҷиҳоти Варо кард, ман киям?!

«Онро, ки Ҳақ сифоти Варо кард, ман киям?!

Шояд Худо тавассути мо шоирона кард?!

Равшан намуда шоми муридони Тоҷикаш,

Лутфаш ба хоссу омми муридони Тоҷикаш,

Саъдон фидои Имоми муридони Тоҷикаш,

» Табрик зи ҷумла номи муридони Тоҷикаш,

Ин Ҷаъфарӣ зи сидқу сафо омиёна кард!».

(12.12.2017)


Қасам ба Илму ба руҳи равони Шоҳносир,

Ки фозиле набувад кас ба сони Шоҳносир.

Ба осмони улум ҳамчу моҳи тобоне,

Ки партаваш ба Ҷаҳон гашта ҷони Шоҳносир.

Ба мо Имоми Замон амри нек фармудаанд фармуда:

Биҷуед гавҳари ҳикмат зи кони Шоҳносир.

Ту руйю илми Худоро зи «Ваҷҳи дин» ёбӣ,

«Ҷамеъи ҳикмати Ҳақ» аз баёни Шоҳносир.

Агар, ки марди раҳи Дини хеш мебошӣ,

Бигирӣ зоди сафарро зи хони Шоҳносир.

Саодате ту биёбиву равшании имон,

Аз он нома, ки равшан имони Шоҳносир.

Васофи Нури Муҳаммад, маддоҳи зоти Алӣ,

Ҳануз дар лаби мардум гинони Шоҳносир.

Маро ин ҳашмати Ӯ бас, ки Ҳуҷҷати Мавлост,

Ту агар бохирадӣ, донӣ шони Шоҳносир.

 Фидои Шоҳи Замон бод ҷони Саъдоншоҳ,

Чунон, ки гашта фидо хонумони Шоҳносир!

(07.01.2018)


Ҷонам ба қурбони Шумо, Ё Нури Мавлои Замон,

Бар фазлу эҳсони Шумо, Ё Нури Мавлои Замон.

Ай аз хатар моро-сипар, Дилсузу ғамхоро- Падар,

Мо зарраи ҷони Шумо, Ё Нури Мавлои Замон.

Лутфат куҷо битвон ҳисоб, Монанди нури офтоб,

Мо зинда аз нони Шумо, Ё Нури Мавлои Замон.

Бо ину онам доданҳо, нури имонам доданҳо,

Моем ба фармони Шумо, Ё Нури Мавлои Замон.

Ай дар ду олам раҳнамо, Дар ҳар замон мушкилкушо,

Ихлоси мо-шони Шумо, Ё Нури Мавлои Замон.

Ҷашни Имомат мерасад- бахту саодат мерасад,

Аз фазли яздони Шумо, Ё Нури Мавлои Замон.

Чашми ҳама бар роҳатон- монанди Саъдоншоҳатон,

Мо ҷумла ғилмони Шумо, Ё Нури Мавлои Замон!

                                                    (31.03.2018)


Кай ба қадри  қиммати он Нури Яздон мерасем,

Кай ба қадри неъмати  Мавлои даврон мерасем?!

Мардумони дигаре бар Нури У пайвастаанд,

Кай ба қадри раҳмати анвори тобон мерасем.

Кай даме роҳат У дорад, соате аз баҳри мо,

Кай ба қадри заҳмату он лутфу эҳсон мерасем?!

«Не табибе доштем, не обу нону зиндагӣ»,

Кай ба он доди ҳама ризқи фаровон мерасем?!

Ай бародар, ғaйри дасти У куҷо будмон сипар,

Кай ба қадри ҷонбахшу ҷони ҷонон мерасем?!

Шоми тори мо ба ҷуз аз Нури У равшан кӣ кард,

Кай ба шукри равшании фарри рахшон мерасем?!

Панҷаи бозуи ки бар мо бидод умри дигар,

Кай ба қадри яди поки он нигаҳбон мерасем?!

Дар тавозуни ҳама лутфу муҳаббатҳои У,

Кай бари ичрои ҳар як амру фармон мерасем?!

То ба кай ғарқи шаробу бангу тарёку силоҳ,

Ин яқин донӣ, аз ин то чоҳу зиндон мерасем.

Он-ки тағйири русумот амри Мавло буду бас,

То ба кай бигзошта амре суи исён мерасем?!

Аз маҳалбозии мо иллат ба мазҳаб мерасад,

То ба кай ҷои амал ҳар су парешон мерасем.

Ин ҳама беамру фармон будани мо то куҷост,

Ёди маргу рузи охир кун ба  поён мерасем.

Ҷуз раҳи иҷрои фармон рузи беҳтар кай бувад,

Не тараққӣ мекунем, не роҳи имон мерасем,

Ай Саъдоншоҳ, руи худ бар раҳмати Мавло намо,

Аз Худо тавфиқ талаб варна чӣ сарсон мерасем.

                                                      (16.05.2018)


Ай хушо андар Бадахшон Рузи Нур,

Хушҷило хуршеди хандон Рузи Нур.

Ояти салвоти аҳли қудсиён,

Мулки моро карда рахшон Рузи Нур.

Раҳмати Аллоҳ ба суӣ бандагон,

Чун Муҳаммад шуд намоён Рузи Нур.

Дулдули илму маориф дар рикоб,

Лофаторо сирри Яздон Рузи Нур.

Маънии Кавсар зи Оли Фотима,

Аз Худоям ҳамчу бурҳон Рузи Нур.

Он паёми эзидӣ Нури мубин,

Дар дили Қуръон нишон он Рузи Нур.

Яди Аллоҳ дар замона гар набуд,

Кай бидидӣ Тоҷикистон Рузи Нур?!

Ҷуз,ки дасти У ки моро нон дод,

Ҳамчу Хизри вақту даврон Рузи Нур.

У балову ҷангҳоро даъфа кард,

Ухвату сулҳ карда арзон Рузи Нур.

Мухтасар моро ҳайёти нав бидод,

Бо каломи шаккарафшон Рузи Нур.

Дасти мову домани Оли Набӣ,

То қиёмат ҷовидон дон Рузи Нур.

Ай Ҷамоат то зи туфонат раҳид,

Нуҳи Вақт бо амру фармон Рузи Нур.

Сар ба фармонаш ниҳед гар одамед,

Гар ба фармонӣ чу инсон Рузи Нур.

Ту бигу ғайраш дигар Мавло дигар,

Дар замонам Нури Яздон Рузи Нур.

Кош гардад аз фаюзи Нури Хеш,

Бо Ҷамоат боз намоён Рузи Нур.

Ҳар,ки гуяд эътиқоди хешро,

Хоки роҳи Уст ин ҷон Рузи Нур.

Маҳви дидораш Саъдоншоҳ гашта аст,

Чун бидид он Нури тобон Рузи Нур!

                                                               (24.05.2018)


Равшаноӣ мерасад аз Лиссабон,

Нурфизоӣ мерасад аз Лиссабон.

Бо тулӯъи офтоби дин зи Fарб,

Хуш зиёе мерасад аз Лиссабон.

Бо дуруди Оли Пайғaмбар нигар,

Сад саное мерасад аз Лиссабон.

Қиблагоҳи қалбу ҷони ошиқон,

Хушнамое мерасад аз Лиссабон.

Машриқи Нури Худои зулч,алол,

Хушлиқое мерасад аз Лиссабон.

Ҷони мову ҷони ҷумла коинот,

Чун шифое мерасад аз Лиссабон.

Лаҳни Довудро ба гуши ҷонн шунав,

Хушнавое мерасад аз Лиссабон.

Нури зебояш ба чашми дил бубин,

Хушсимое мерасад аз Лиссабон.

Оли Аҳмад, Нури Ҳайдар бегумон,

Раҳнамое мерасад аз Лиссабон.

Ҷони хеш бинмой Саъдон назри У,

То бақое мерасад аз Лиссабон.

                                             (07.07.2018)


Нур меборад ба дунё Португол,

Мазҳари сирри Худо дар Португол.

Ҷашни Алмосӣ муборак гаштааст,

Бо хама нуру зиё дар Португол.

Гашта пойандоз замини Лиссабон,

Бо чунин сидқу сафо дар Португол.

Ёди торихи Мадина дар замон,

Оли поки Мустафо дар Португол.

Чун Алӣ бо Зулфиқори илми хеш,

Сарвари мулки бақо дар Португол.

Кай яке дигар ба зоти У расид,

Дар ҷабин Нури Худо дар Португол.

Ай давоми ояти Нури Мубин,

Нур бо нур-ул-ало дар  Португол.

Мусҳафи гуёи Эзад дар Замон,

Равшан аз Ту қалбҳо дар Португол.

То ки Саъдон, хоки роҳи Ту бувад,

Молики ҳар ду саро дар Португол.

                                            (11.07.2018)


Ай ба Нурат қалби моро ҷостӣ,

Равшан аз Ту дидаву дилҳостӣ.

Ай рабуда қалбу ҷони ошиқон,

Илм дар даст мӯъҷизи байзостӣ.

Ай фуруғи қалбу ҷони ошиқон,

Олами дилро фараҳафзостӣ.

Ҳотами Тойе ба хонат хушачин,

Ҳар гадоят Қайсару Доростӣ.

Мисли мо хушбахт яке мардум куҷо?

То ба неъмат бандагимон хостӣ.

Дасти Ту бар ҷони мо гардид сипар,

Бешакку шубҳа Ту- Ядуллоҳстӣ.

Шоми моро субҳи равшан кардаӣ,

Ай Имоми Ҳақ, Ҷаҳоноростӣ.

Ин Бадахшонро Ту доди ҷони нав,

Дар саховат Шоҳи беҳамтостӣ.

Хоруғам мисли нигине мешавад,

Ман шунидам аз каломат ростӣ.

Чун назар кардам ба Қуръони Маҷид,

Ояти «Ёсин»-у ҳам  «Исро»-стӣ.

То ба маънӣ дар дили Фурқон нигаҳ,

Нури Ту дидам, ки дар ашёстӣ.

Зулфиқори илм дар дасти Ту аст,

Ғолиби ақлу улуму ҷоҳстӣ.

«Лав халат» дар шони Ту андар Замон,

Пешвои дину ҳам Мавлостӣ.

Ваҷҳу ҷанбу яди Аллоҳ  бо Ту ҳаст,

Сибғате, ки чун Валиуллоҳстӣ.

Ҳубби Ту ҳукми Худовандӣ бувад,

Чун ба ҳикмат варсаи Тоҳҳостӣ.

Оли поки Мустафову Муртазо,

Нури айни Ҳазрати Заҳростӣ.

Ай азизи дидаҳои мардумон,

Аз файёзат чашми дил биностӣ.

Муждаи васлат ба гуши ҷон расид,

Чашми мову интизори роҳстӣ.

Ҳаҷри Ту бар мо гаронӣ мекунад,

Ман чи гӯям? Чун Ту худ огоҳстӣ.

Пас биё, ай шамси қалби ошиқон,

Аз карам бинмо лиқо, ки Шоҳстӣ.

Ташнагони чеҳраи пурнури Ту,

То ба дидор интизор оростӣ.

Боз аз лутф бар хатои мо мабин,

Мо хасему раҳматат дарёстӣ.

То ки Саъдон гарди роҳи Ту бувад,

Баҳри васфат булбули гуёстӣ.

                                    (02.08.2018)