Фаррух Саидҳасаншоҳ

Ба истиқболи Ҷашни Алмосии Имомати Мавлоно Ҳозиримом Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ Оғохон (салавотуллоҳу алайҳӣ)

Эй офтоби олами дин, соҳиби замон

Эй ҷилваи ҷамоли Худованди ломакон.

Эй хозини хазонаи асрори эзидӣ,

Эй баргузида сарвару мавлои муъминон.

Эй машриқи тулӯъи ҳама хайру хубиҳо,

Эй маъдани сахову сафоҳои бекарон.

Эй марҷаъу муроди муриду камоли дин,

Эй қиблагоҳу каъбаи мақсуди ошиқон.

Эй нохудои давр дар ин киштии наҷот,

Эй раҳгушои вақт сӯи водии амон.

Эй маънии ядуллоҳ, мисдоқи иннамо,

Ғайр аз ту кас набуда улуламр дар ҷаҳон.

Мақсуди ҳақ зи лавҳ туӣ, з-он ки андар ӯ,

Забт аст кулли шайъ зи пайдову аз ниҳон

Эй соҳиби ҳидояту мисбоҳи маърифат,

Аз нури туст рӯшании қалби мӯъминон.

Мансуси ҳақ зи оли мутаҳҳар, салоҳи дин,

Қуръони нотиқ, орифи ҳақ, аҳсанул баён.

Миннат Худойро, ки зи файзи ҳузури ту,

Бар мо карам намуду биёрост ин ҷаҳон.

Нӯшервону Ҳотаму Ҷам рашк мебаранд,

Аз адлу аз сахову шукӯҳи ту дар ниҳон.

Ҳаргиз надида дидаи олам мисоли ту,

Уммедбахшу мушфиқу ғамхору меҳрабон.

Андар раҳи муҳаббати ту марзҳо хиҷил,

Дарёи раҳмати ту равон аст ҷовидон.

Ҳастии хеш вақфи ҷамоат намудаӣ,

Дар қалбу фикру ёди ту ӯро бувад макон.

Дар рӯзҳои тираву мушкил, ки мефишурд,

Чанголи марг ҳулқуми ин ҷамъи нотавон,

Аз қаҳту аз кашокашу сармои рӯзгор,

Наздик шуд, ки боғи ҷамоъат шавад хазон,

Чун оби файзбахшу чу хуршеди нурбор,

Хуш омадиву додияш аз хештан нишон.

Бахшидияш китобу қалам, доруву даво,

Нон додиву дуъову умеди бақову ҷон.

То хешро шиносаду эҳё кунад зи нав,

То гардад ӯ намунаи хубе дар ин ҷаҳон…

Мо худ киему ин ҳама лутфу карам чарост?

Худ беҳ шиносӣ, з-он ки ҳакимиву ғайбдон,

Ҳоло ки бо туему ту бо мо, чӣ давлатест,

Мӯҳкам занем чанг дар ин турфа ресмон.

Бар вифқи байъате, ки намудем бо ту мо,

Бояд амал кунем ба ҳукми ту ҳар замон.

Ҷашни Имомати ту фаро мерасад кунун,

Меоварад ҳазор саъодат ба армуғон.

Дар хиҷлатем гарчӣ зи афъоли зишти хеш,

Бар авфи туст дӯхта чашми умедамон.

Эй Хизри вақт, гавҳари рахшон ба дасти туст,

Моро бидеҳ зи чашмаи оби бақо нишон.

Чашми тамоми аҳли ҷамоат ба сӯи туст,

К-аз рӯи лутф ҷилва намоӣ дар ин макон.

Дерест бо умеди қудуми муборакат,

Сарро ниҳодаем бар ин хоки остон.

З-ин бештар тавони сухан нест бандаро,

Фаррух куҷову васфи ту, эй шоҳи нуктадон.

Танҳо яке сухан, ки ба хурдӣ шунидаам,

Такрор мекунам зи забони гузаштагон:

“Бардор ҷурми халқ ба тавфиқи мустаъон,

Ё кошифулҳақоиқу ё соҳиби замон”.


Худоё, чорае кун кори моро,

Давое деҳ дили бемори моро.

Ба лутфи хеш охир уқда во кун,

Хати сарбастаи паргори моро.

Надомат мекашам аз кардаҳоям,

Хабар деҳ дилбару дилдори моро.

Ба пешат рӯсиёҳу шармсорам,

Чу медонӣ ҳама асрори моро.

Ба кӯят роҳ бурдан нест осон,

Нигаҳ кун ин ҳама пайкори моро.

Халосӣ нест аз ғам лаҳзае ҳам,

Дили ғампарвару ғамхори моро.

Фалак аз рӯи лутфу меҳрубонӣ,

Намемонад тиҳӣ анбори моро.

Ғам ар набвад, надонӣ қадри шодӣ,

Ки дорад ғайри ғам тимори моро?

Бало некӯст, чун андар миён ӯст,

Ки рӯшан мекунад дидори моро.

Худовандо, зи офатҳо нигаҳ дор,

Хурӯшу гармии бозори моро.

Дар ин зулмат зи нури худ барафрӯз,

Ду чашми то саҳар бедори моро.

Бидеҳ тавфиқ то сунъат бубинем,

Ба худ машғул кун афкори моро.

Ба зери сақфи ин гарданда гардун,

Ки рӯзу шаб кашонад бори моро,

Навои тоза мехоҳам, ки сӯзаш,

Ба рақс орад дару девори моро.

Шавад тавлид шеъри тоза аз дил,

Кунад барҷастатар осори моро.

Умедам, Фаррух, ин бошад, ки рӯзе,

Бихонад оламе ашъори моро.


Бе муҳаббат халқро буде набошад дар ҷаҳон,

Аз кудурат халқро суде набошад дар ҷаҳон.

Сақфи гардун з-оташи хашму хушунат тира шуд,

Гар кушӣ онро дигар дуде набошад дар ҷаҳон.

Ақли худро кор фармо гар басириву самеъ,

Дархури он ҷуз ту мавҷуде набошад дар ҷаҳон.

Ин забонро аз бароят эзид аз баҳри чӣ дод?

То ки шамшеру кулаҳхӯде набошад дар ҷаҳон.

То тавони гуфтугӯ ҳаст аз забонат кор гир,

В-арна з-ин неъмат туро суде набошад дар ҷаҳон.

Ин бувад ҳарфе, ки мегӯяд ба мо соҳибзамон,

Он ки мислаш ҳеҷ мавҷуде набошад дар ҷаҳон.

Дар паи эҷоди дунёи нав аст он муқтадо,

То ки мазлумеву мардуде набошад дар ҷаҳон.

Кинаҳоро пок кун аз синаат, оина шав,

Хуштар аз ин ҳеҷ мавлуде набошад дар ҷаҳон.

Хонаро холӣ кун аз бутҳо, чу Иброҳим шав,

То яке дигар чу Намруде набошад дар ҷаҳон.

Аҳли олам дар ҳақиқат зодаи як модаранд,

Беҳтар аз ин ҳеҷ машҳуде набошад дар ҷаҳон.

Дӯст дорам марзҳоро дур созанд аз миён,

То Хуросону Фарорӯде набошад дар ҷаҳон.

Фаррухо, мекӯш, то андар сухан ёбӣ бақо,

К-ин танат ҷуз вақти маҳдуде набошад дар ҷаҳон

Дар сухан гуфтан агар моҳир шавӣ чун Пири Тӯс,

То ту бошӣ, ҳеҷ Маҳмуде набошад дар ҷаҳон.