Ҳақназар Собир

Кист он ёре, ки ҳар як мушкил осон мекунад,

Бо қудумаш Кишвари моро гулистон мекунад.

Ташнагони илми маъниро намуда шодком,

Хонаи дилхо зи Нури Худ чароғон мекунад.

Кист он ёре, ки бахри рушди чиму рухи мо,

Ҳар Замон бингар, ки нав-нав арзи Фармон мекунад.

Кист он ёре,ки бо ҷудду сахову химматаш,

Ҳотами Тойе ба худ хамду санохон мекунад.

Кист он ёре, ки бешак аз даҳон резад гуҳар,

Волаи гуфтори Худ Суқроту Луқмон мекунад.

Он Имоми мост, к-У аз наслу авлоди Набист,

Ҳар Замон бо ҳар либос дар даҳр ҷавлон мекунад.

Собири бечора ҳам бо ин забони оҷизаш,

Ҷуръати васфи Варо дар мулки Ғорон мекунад!


Ман садқа ба Мавлои Замонам,

Дар ҷодаи ҳикматаш равонам.

Аз ҷаври ҳаводиси замона,

Дар сояи дасти ӯ амонам.

Ӯ аст ба ҳар мушкил илоҷам,

Ӯ аст ҳабиби роздонам.

Дар лайлу наҳору субҳгоҳон,

Номи хуши ӯст дар забонам.

Ҳар як сухани гуҳарфишонаш,

Файзест ба ақлу ҷисму ҷонам.

Аз ӯст барори кору борам,

Аз ӯст ривоҷи хонадонам.

Аз нури чароғи ҷонфизояш,

Ботил шуда шубҳаву гумонам.

Ҷуз маслаки соҳиби замона,

Роҳву равиши дигар надонам.

Собир манаму зӣ мустамандон,

Камтар зӣ сагони остонам.

Аз асли ватан агар бипурсӣ,

Дар гӯшаи Андароб маконам.

Бо биниши танг, забони оҷиз,

Кай васфи сифоти ӯ тавонам.

то ин ки кунам ҳамеша мадҳаш.

Ё Раб “яфтаҳ уқда мил лиссон” ам.


Ҳодии шаҳсавори ман,

Мунису ғамгусори ман.

Сояи кирдигори ман,

Дасти ман асту доманат.

Махфари олами вуҷуд,

Шоистаи ҳамду суҷуд,

Кони сахову лутфу ҷуд,

Дасти ман асту доманат.

Муштоқ ман ба руи ту,

Дар лабам гуфтугуи ту.

Мастам ман аз сабу(ҳ)и ту,

Дасти ман асту доманат.

Мояи айшу савлатам,

Пояи ҷо(ҳ)ву давлатам.

Бо ту раҳо зӣ ғафлатам,

Дасти ман асту доманат.

Ангуштнамо дар рӯзгор,

Сул(ҳ)парвару ваҳдатшиор.

Насли башарро дӯстдор,

Дасти ман асту доманат.

Нури Худованди раҳим,

Бешак туӣ Мавло Карим,

Раҳбари Роҳи Мустақим,

Дасти ман асту доманат.

Муршиду ҳодии тариқ,

Собир зӣ ёрону рафиқ.

Дар баҳри раҳматат ғариқ,

Дасти ман асту доманат.


Мужда бод эй дӯстон, як ҷашни раббонӣ расид,

Рузи мавлуди Имом он нури яздонӣ расид.

Рузи мавлуди Карим Оғо Имоми рузгор .

Дар харими дил ки дорад хукми султонӣ расид.